07:20, 16 Декабри 2018
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Декабр 2018 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31            

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Ба имзо расидани як қатор қонунҳо аз тарафи Пешвои миллат

Имрӯз аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат,

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор қонунҳо, ки аз тарафи Маҷлиси намояндагон қабул гардида, Маҷлиси миллӣ онҳоро ҷонибдорӣ намудааст, ба имзо расонида шуданд. Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи рақобат», «Дар бораи бехатарии сейсмикӣ», «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», «Дар бораи сиёсати давлатӣ дар соҳаи саноат», Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҷумлаи онҳо мебошанд. Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи саломатии аҳолӣ» ва дигар санадҳои қонунгузории соҳаи тандурустӣ қабул гардида, муносибатҳои ҷамъиятиро дар соҳаи тандурустӣ танзим мекунад ва ба таъмини ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон ба ҳифзи саломатӣ нигаронида шудааст. Кодекси мазкур низоми тандурустӣ, тартиби ташкил ва пешбурди фаъолияти тиббии давлативу хусусӣ, намуд ва шаклҳои кумаки тиббӣ, тарбияи кадрҳо дар соҳа, таъмини модару кӯдак бо кумаки тиббӣ, ҳифзи солимии ҷамъиятӣ, таъмини амнияти санитарию эпидемиологӣ, расонидани кумаки тиббӣ ба гурӯҳҳои алоҳидаи шаҳрвандон, назорати давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ, маблағгузории соҳа, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои кормандони соҳаи тандурустӣ ва паҳлӯҳои дигари соҳаро танзим мекунад. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», ки дар таҳрири нав таҳия ва қабул гардид, фаъолияти ҳуқуқэҷодкунро танзим намуда, принсипҳои асосӣ, мафҳум, намуд, низом ва таносуби байни санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, тартиби таҳия, пешниҳод, қабул ва ворид намудани тағйиру иловаҳо, интишору ба қайдгирии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва паҳлӯҳои дигари фаъолияти қонунгузориро муқаррар мекунад. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи рақобат» дар заминаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи рақобат ва маҳдудкунии фаъолияти инҳисорӣ дар бозорҳои мол» таҳия ва қабул гардида, муносибатҳоро вобаста ба фароҳам овардани шароити мусоид барои ҳимоя ва рушди рақобат, фаъолияти самарабахши бозорҳои мол, таъмини фазои ягонаи иқтисодӣ ва фаъолияти озоди иқтисодиро муайян менамояд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатӣ дар соҳаи саноат» мақсад, вазифа ва принсипҳои асосии сиёсати давлатӣ, хусусият ва механизмҳои амалӣ намудани дастгирии давлатии субъектҳои фаъолият дар соҳаи саноатро муқаррар намуда, ба ташаккул ва устувор намудани иқтидори саноатии кишвар равона гардидааст. Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳое, ки аз Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 декабри соли 2016 Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, ба кодексҳои андоз ва гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид гардид, ки мувофиқи он ба шахсони пешбарандаи фаъолият дар соҳаи сайёҳӣ имтиёзҳо пешбинӣ карда шуданд. Қонунҳои баимзорасида ба пойдории сулҳу ваҳдат, ҳифзи инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ, ҳимояи манфиатҳои давлат, ташкилоту муассисаҳо, мубориза бо ҷинояткорӣ ва таҳкими тартиботи ҷамъиятӣ, рушди фаъолияти иқтисодиву иҷтимоӣ ва пешрафту инкишофи соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа, инчунин мутобиқ намудани қонунгузории амалкунанда ба тағйиру иловаҳое, ки 22 майи соли 2016 тавассути раъйпурсии умумихалқӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардидаанд, равона карда шудаанд. Матни пурраи қонунҳои қабулгардида рӯзҳои наздик дар матбуоти расмии кишвар интишор карда мешавад.