11:21, 26 Майи 2018
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Май 2018 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31      

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Гузоштани санги асоси бинои нави Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Субҳи имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар маросими ифтитоҳ ва оғози бунёди як қатор иншооти гуногун иштирок карданд. Нахуст Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Шевченкои ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе барои оғози корҳои сохтмонӣ дар бинои нави Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон санги асос гузоштанд. Тавре ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, тибқи лоиҳа бинои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 ошёна иборат буда, дар маҷмуъ дорои ҳуҷраҳои корӣ барои 450 корманд, маҷлисгоҳ бо 500 ҷойи нишаст, 8 толори муҳокимаи судӣ, бойгонӣ, китобхона, китобхонаи электронӣ, боғи зимистона, ошхона барои 70 нафар ва дар таҳхонаи бино таваққуфгоҳ барои 30 нақлиёт мебошад. Барои сохтмони иншооти мазкур аз шафати кӯчаи Шевченко дар гузаргоҳи якум бо масоҳати 0,37 га қитъаи замин ҷудо карда шудааст. Масоҳати умумии иншоот 17952 м2 мебошад ва баландии умумии бино аз сатҳи замин ба 72,6 метр баробар аст. Арзиши пешакии корҳои сохтмонию ороишӣ 73 миллиону 858 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Дар давоми солҳои 2016 барои оғоз намудани корҳои сохтмонӣ 2 миллиону 346 ҳазор сомонӣ ҷудо гардида, дар соли 2017 баҳри идомаи корҳо 8 миллион сомонӣ маблағ пешбинӣ шудааст. Ба ҳолати 1 апрели соли 2017 аз оғози корҳои бунёдӣ дар ҳаҷми 964 ҳазор сомонӣ корҳои сохтмонӣ-васлгарӣ иҷро карда шудааст. Дар ороиши бино аз тахтасангҳои хоро (гранит), мармар, панҷараҳои кандакории гаҷӣ, паркет, панелҳо аз навъи чубҳои қиматбаҳо ва рангҳои аълосифат истифода карда мешавад. Баъди шиносоӣ бо лоиҳаи бунёди бинои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба коргарону мутахассисон дастур доданд, ки дар вақти сохтмон ба сифати корҳо аҳамияти аввалиндараҷа диҳанд.