15:42, 24 Июли 2017
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Июл 2017 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31            

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Иштирок дар маҷлиси Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон

Имрӯз дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон

муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар кори маҷлис аъзои Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, намояндагони фраксияи ҳизб дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони ташкилотҳои ибтидоию ҷамъиятии ҳизбӣ ва дигар аъзои ҳизб иштирок карданд. Маҷлисро бо сухани муқаддимавӣ Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз карда, оид ба рӯзномаи маҷлис фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар соли 2016 ва вазифаҳои нави ташкилотҳои ҳизбӣ дар соли 2017 бо таҳлилҳои мушаххас суханронӣ карданд. Зимни суханронӣ Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба вазъи ҷаҳони муосир, раванди ҷаҳонишавӣ ва таъсири он андешаронӣ карда, таъкид доштанд, ки амалигардонии ҳадафҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрои нишондодҳои Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ, татбиқи барномаҳои давлатӣ, таъмини амният ва суботи сиёсӣ, ҳифзи истиқлолият, арҷгузорӣ ба муқаддасоти Ватан бояд вазифаи муқаддаси ҳар як фард бошад. Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба амалӣ гардонидани ғояҳои сиёсӣ ва ҳадафҳои барномавии ҳизб, таҳкими истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат дар соли 2017 дар назди аъзои ҳизб вазифаҳои мушаххас гузоштанд. Баъди суханронии Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дигар аъзои ҳизб, Гулбаҳор Назирӣ - муовини роҳбари фраксияи ҳизб дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гулизор Пирова - донишҷӯйи Донишгоҳи Давлатии Тиббии Тоҷикистон, Орзу Ҳомидов - роҳбари намояндагии созмони ҷамъиятии “Созандагони Ватан” дар вилояти Хатлон, Саидбек Мирзомуддинов - раиси кумитаи ибтидоии ҳизб бо номи “Иттиҳод” дар Федератсияи Россия, Лайло Чоршанбиева - директори Мактаби президентӣ аз ноҳияи Рӯшон, Шаҳло Ватанова - раиси ташкилоти ибтидоии “Шаҳлои Ватан”, Афзалшо Карчиев - узви кумитаи марказии ҳизб дар “Неругоҳи Барқи Обии Роғун” ва Авазхон Кабиров - раиси кумитаи иҷроияи ибтидоии “Султони Кабир” баромад карданд. Пас аз баррасии масъалаи рӯзнома оид ба фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар соли 2016 ва вазифаҳои ташкилотҳои ибтидоии ҳизб дар соли 2017 аъзои Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қарори дахлдор қабул карданд.