15:07, 14 Декабри 2017
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Декабр 2017 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Мулоқот бо Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Николай Бордюжа (29.09.2016)

Имрӯз дар Қасри Миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат,

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Николай Бордюжаро ба ҳузур пазируфтанд. Дар мулоқот масоили марбут ба иҷрои қарорҳои қаблии дар Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ қабулшуда, омодагӣ ба ҷаласаи навбатии Шӯрои Сарони давлатҳои аъзои созмон ва авзои кунунии кишаварҳои доираи Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Тавре таъкид гардид, Тоҷикистон ҷонибдори таҳкими иқтидору имконоти Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар самтҳои ояндадор буда ба иштироки худ дар фаъолияти созмон аҳамияти аввалиндараҷа зоҳир менамояд. Ҷонибҳо ба таври муфассал доир ба ҳамдастии муштарак бар зиди терроризми байналмилалӣ, экстремизми динӣ, гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор ва силоҳ, муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва дигар зуҳуроти номатлуб, ки ба амнияту суботи минтақа хатари ҷиддӣ доранд табодули афкор намуданд. Бо изҳори нигаронӣ аз хатари афзоиши фаъолияти созмонҳои террористию экстремистӣ ва паҳншавии идеалогияи бегона дар минтақа ҳар ду ҷониб тақвияти ҳамдастии густурдаро дар мубориза бар зидди ин хатарҳо амали муҳим ва саривақтӣ арзёбӣ карданд. Зимни баррасии масоили амнияту бехатарӣ дар қисмати ҷануби қаламрави созмон таваҷҷуҳи асосӣ ба вазъи сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии исломии Афғонистон ва тақвияти ҳамкорӣ дар таҳкими иқтидору имконоти нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон зоҳир гардид. Изҳори боварӣ карда шуд, ки дар оянда ҳамдастии фаъоли давлатҳои аъзои созмон дар мубориза алайҳи ҳама гуна хатару таҳдидҳои ҷаҳони муосир дар нигоҳ доштани фазои эътидолу субот ва таҳкими амнияту бехатарии минтақа нақши муассир мегузорад.