10:57, 24 Сентябри 2018
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Сентябр 2018 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Оғози фаъолияти коргоҳи ҳунаромӯзии “Азиза” дар ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд

Дар ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат,

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти коргоҳи ҳунаромӯзии “Азиза” расман оғоз бахшиданд. Сохтмони бинои коргоҳи мазкур дар маркази ноҳия 1 солу 6 моҳ идома ёфта, дар ҷараёни корҳои сохтмонӣ 20 нафар коргарони маҳаллӣ бо кор ва маоши баланд таъмин буданд. Бинои ин коргоҳ аз ду ошёна ва таҳхона иборат буда, бо харҷи 724 ҳазор сомонӣ сохта шудааст. Коргоҳи ҳунаромӯзии “Азиза” аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ Манучеҳр Сангинов ва Умед Шарифов сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор дод шуд. Президенти мамлакат бо шароити меҳнатии фароҳамовардашуда дар ин коргоҳ ошно гардида, барои боз ҳам беҳтар намудани шароит ва дастгирии коргарон ба соҳибкорон дастуру супоришҳо доданд. Дар коргоҳи ҳунаромӯзии “Азиза” 40 нафар занони маҳаллӣ соҳиби ҷойи кори доимӣ гардида, имконияти гирифтани беш аз 1000 сомонӣ маошро доранд. Иттилоъ дод шуд, ки дар коргоҳи мазкур дӯхти сару либоси мактабӣ ва рахти хоб роҳандозӣ гардидааст. Ҳамзамон дар ошёнаи дуюми бино атласу адрасбофӣ ба роҳ монда шудааст, ки феълан на танҳо дар ҳудуди ноҳия, балки дар миқёси вилоят ва ҷумҳурӣ таваҷҷуҳ ба ин навъи маҳсулот хеле зиёд аст. Ба Пешвои миллат иттилоъ дода шуд, ки соҳибкорони маҳаллӣ ҳадаф доранд, ки дар оянда дар таҳхонаи ин бино сехи қаннодӣ бунёд намуда, ба ин васила ҳам талаботи сокинони ноҳияро бо маҳсулоти қаннодӣ таъмин кунанд ва ҳам барои шаҳрвандон ҷойҳои нави корӣ таъсис диҳанд. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин иқдом ва ташаббусҳои соҳибкоронро намунаи ибрат ва қобили дастгирӣ хонданд.