 Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон як гурӯҳ кадрҳои ба вазифаҳои ҳайати роҳбарӣ дар Шӯрои амният, Вазорати корҳои дохилӣ ва дигар сохторҳо пешниҳодшударо барои сӯҳбат ба ҳузур пазируфт. Баъди сӯҳбат бо Сарвари давлат чор нафар ба вазифаҳои машваратчии калон-сардорони шӯъбаҳои дастгоҳи Шӯрои амнияти кишвар доир ба амнияти ҷамъиятӣ, иқтисодӣ, мудофиавӣ ва иттилоотӣ, пешгӯӣ ва робитаҳои байналмилалӣ, се нафар ба вазифаҳои сардорони раёсатҳои кофтукоби ҷиноӣ, тафтишот ва муҳофизати тартиботи ҷамъиятии Вазорати корҳои дохилӣ таъин гардиданд. Ҳамчунин сардорони шӯъбаҳои корҳои дохилии ноҳияҳои Фархор, Қумсангир, Вахш, Балҷувон, Ҳисор ва Шаҳринав иваз карда шуданд. Муҳаббат Иброҳимов Сардори Маркази Тоҷикистон оид ба минаҳо таъин карда шуд. Зимни сӯҳбат Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз ҳодисаҳои ногувори даст задани кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба амалҳои ҷиноию ғайриқонунӣ бо таассуф ёдовар шуда, онҳоро ба иҷрои содиқонаю софдилонаи вазифаҳои пурмасъулияти дар наздашон гузошташуда, муборизаи беамон бо ҷинояткорӣ, таъмини амнияту субот дар ҷомеа ва тарбияи дурусти кадрҳои ҷавони соҳаҳои худ ҳидоят намуд. |