 Ба ҳар нафари зарардидаи киштии дар соҳилҳои Италия ба садама дучор шуда, дар ҳаҷми 11 ҳазор евро ҷубронпулӣ медиҳанд. Ин ширкат ваъда дод, ки маблағи хариди билет, роҳхарҷӣ ва табобатпулиро ба таври ҷудогона пардохт менамояд. Роҳбарияти ширкат пас аз мубоҳисаи тӯлонӣ бо гурӯҳи намояндагони мудофеи манфиати истифодабарандагон, ба ин тасмим расиданд. Аммо онҳо мӯҳлати дақиқи татбиқи ин иқдомро муайян накардаанд. Ин дар ҳолест, ки ҳуқуқшиносони манфиати зарардидагонро ҳифзкунанда, талаб доранд, ки масъалаи пардохти ҷубронпулӣ ва мӯҳлати пардохти онро ба таври алоҳидагӣ баррасӣ намоянд. |