 Дар пойтахти Сенегал шаҳри Дакар миёни намояндагони мухолифин ва мақомоти қудратӣ задухӯрд сурат гирифт. Сабаби якбора мураккаб гаштани вазъияти сиёсӣ, ин қарори суди конститутсионӣ мебошад, ки тибқи он президенти кишвар метавонад маротибаи 3-юм номзадии худро дар интихоботи навбатӣ пешбарӣ намояд. Ин дар ҳолест, ки президенти Сенегал Абдулай Вад муддати 12 сол боз сарварии давлатро ба ӯҳда дорад. Ғайр аз ин, Суди олӣ номнавис кардани яке аз номзадҳо-сароянда Юссу Н'Дурро, ки намояндаи мухолифин буда, аз нуфузи бештар бархӯрдор аст, рад кард. Вобаста ба вазъияти ба амал омада, ҳукуматдорон барои пешгирӣ кардани ҳар гуна ҳодисаҳои нохуш, дар кӯчаҳои марказии пойтахт ҳазорҳо нафар полисро сафарбар намуданд. Дар Сарқонуни Сенегал соли 2008-ум тағйирот ворид карда шуда буд, ки тибқи он президент набояд бештар аз 2 маротиба номзадии худро ба дарёфти ин мақом пешбарӣ намояд. Вале Абдулай Вад, ки замони ворид кардани тағйирот ба Сарқонуни мамлакат президент буд, иброз медорад, ки омодааст мамлакатро то синни 100 солагиаш бар ӯҳда гирад. Ёдовар мешавем, ки ҳоло ӯ 85 сола мебошад. |