 Ширкати ҳавопаймоии «Испан-Эйр» фаъолияти худро қатъ намуд. Ба гуфти масъулин онҳо ин амалро дар пайи бад гардидани вазъияти молиявии ширкат роҳандозӣ намуданд. Новобаста аз он, ки ҳукуматдорони Испания риояи ҳуқуқҳои мусифронро тақозо намуданд, тамоми хатсайрҳои «Испан-Эйр» аз бегоҳи рӯзи ҷумъа ба таъхир гузошта шуданд. Тавре гуфта мешавад, мушкилоти молиявӣ давоми чанд соли охир ширкати ҳавопаймоиро пайгирӣ менамуд. Гуфта мешавад, ки ширкати ҳавопаймоии Скандинавия дар соли 2009-ум ба «Испан-Эйр» ба маблағи рамзии 1-евро саҳмияҳои сармоягузорони Каталониро фурӯхта буд. Ширкат ҳамчунин натавонист, ки ҳатто аз кӯмаки буҷаи минтақавӣ мушкилоти молиашро ҳал намояд. «Қатар-Эйрлайн», ки хариди «Испан-Эйр»-ро нақша дошт, дар ниҳояти кор аз ин тасмими худ даст кашид. |