Омор
Онлайн хамаги: 1 Мехмон: 1 Иштироккунанда: 0
|
Асоси » 2012 » Январ » 28 » Муфассал
|  Вазъият дар минтақаи евро ба мавзӯи асоситарини рӯзи сеюми баргузории форуми иқтисодии ҷаҳон дар шаҳри Давоси Швейтсария табдил ёфт. Сиёсатмадорони аврупоӣ бовар доранд, ки аз бӯҳрони молиявӣ мебароянд. Роҳбари Бонки марказии Аврупо Марио Драги изҳор дошт, ки бозорҳои молӣ хатари қарзҳои мустақимро меафзоянд. Ба гуфти ӯ минтақаи евро барои аз миён бардоштани бӯҳрони қарзӣ аллакай хизматҳои зиёде намудааст. Дар маҷмӯъ ислоҳоти Юнон иштирокчиёни ҳамоишро қонеъ карда натавонист. Ба гуфти коршиносон Юнон танҳо дар ҳоле вазъияти молии худро ба эътидол оварда метавонад, ки аз тарафи Иттиҳоди Аврупо ва Хазинаи байналмиллалии асъор кӯмаки молиявии навбатиро дарёфт созад. Мубоҳиса аз рӯи ин масъала рӯзи Душанбе дар ҳамоиши Иттиҳоди Аврупо давом меёбад. Ин баҳс бояд маълум намояд, ки давлатҳои берун аз минтақаи евро барои ба имзо расондани созишномаи буҷавӣ розӣ мешаванд ё не. Тибқи ин созишнома Брюссел имкони ба сиёсати буҷавии ин кишварҳо дахолат карданро пайдо мекунад. Ҷониби Британияи Кабир аллакай норозигии худро ба ин тасмим ошкор сохт. | |
Нигох кардаанд: 5 |
Добавил: jahonnamo
| Рейтинг: 0.0/0 |
|
Погода в Таджикистане
Поиск города
Погода в столицах мира
Курс валют
|