 Бино ба гузориши гурӯҳҳои мухолифи давлати Сурия, субҳи рӯзи ҷумъа нерӯҳои артиши миллии ин кишвар ба яке аз пойгоҳҳои асосии онҳо- шаҳри Ҳумо ҳамла оварданд. Бар асоси охирин гузоришҳо дар ин ҳамла дастикам 40 нафар аз сокинони шаҳр кушта шуданд. Ҳамчунин гуфта мешавад, ки ҳамлаи нерӯҳои артиши Сурия ба яке аз минтакаҳои наздики шаҳри Димишқ ҳудуди 12 нафар қурбонӣ бар ҷой гузошт. Дар ҳамин ҳол Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид эълон кардааст, ки дар ҳоли баррасии қатъномаи наве дар бораи Сурия мебошад. Гуфта мешавад, ки талаботи асосии ин қатънома истеъфои Башор Асад аз қудрат хоҳад буд. Иттиҳоди Араб низ аз Башор Асад хостааст, ки бо супурдани ваколатҳояш ба муовини худ қадамҳои нахустинро барои ташкили Ҳукумати ваҳдати миллӣ фароҳам созад. Дар ҳамин ҳол Россия хоҳиши аз сари қудрат дур шудани Башор Асадро ҷонибдорӣ намекунад. Зеро ин амал роҳи ҳалли мушкилоти кунунӣ дар Сурия нахоҳад буд. |