Омор
Онлайн хамаги: 1 Мехмон: 1 Иштироккунанда: 0
|
Асоси » Архиви хабаро
 Дар маҳбаси шаҳри Монтерео, воқеъ дар қисми шимолии Мексика дар байни ду гурӯҳи нашъаҷалоб муноқиша ва задухӯрд ба амал омад. Дар натиҷа 44 нафар ба ҳалокат расида, 60 нафари дигар ҷароҳати гуногун бардоштанд. Гуфта мешавад, ки дар аввал маҳбусони гурӯҳи нашъаҷалоби «Гопф» ба сӯи гурӯҳи дигар, ки бо номи «Зета» машҳур аст, санг ва дигар ошёҳоро ҳаво доданд. Мувофиқи иттилои расида, пас аз чанд лаҳза дар байни ин ду гурӯҳи қочоқбар задухӯрд ба амал омад. Вобаста ба ин қазия наздикони зарадидагон ҷамъ омада, аз губернатори шаҳри Монтерео талаб намуданд, ки аъзои ин ду гурӯҳи нашъаҷалоб дар алоҳидагӣ нигоҳ дошта шаванд.
|
 Дар пойтахти Ироқ шаҳри Бағдод таркиш ба вуқӯъ пайваст. Мувофиқи маълумоти охирин дар натиҷаи ҳодиса 15 кас ба ҳалокат расида, нафарони зиёд захмӣ шуданд. Автомашинаи бо маводи тарканда муҷаҳҳаз дар назди бинои Вазорати корҳои дохилии Ироқ ба кор дароварда шуд. Дар ҳамин ҳол хабар дода мешавад, ки дар шаҳри Бағдод як гурӯҳ силоҳбадастони гурӯҳи Ал-Қоида ба як манзили истиқоматӣ ҳамла карда 4 нафарро ба қатл расониданд.
|
 Дар шаҳри Лондони Британияи Кабир кормандони нақлиёти зеризаминӣ вобаста ба коҳиш ёфтани музди меҳнат ва муҳайё набудани шароити мувофиқи кор даст ба намоишҳои эътирозӣ заданд. Намоиши кормандони соҳаи нақлиётро як гурӯҳ аҳолии шаҳр ҷонибдорӣ карда ба онҳо ҳамроҳ шуданд. Эътирозгарон иброз медоранд, ки дар ҳолати аз ҷониби роҳбарон иҷро нагардидани талаботашон ба роҳпаймоиҳо хотима намебахшанд. Мувофиқи ҳисоботи оморӣ дар давоми 17 соли охир дар Британияи Кабир сафи бекорӣ боло рафтааст. Гуфта мешавад, ки шумораи асосии бекоронро ҷавонон ташкил медиҳанд. Вобаста ба ин онҳо барои дарёфт намудани ҷойи кор ба мамлакатҳои хориҷа иҷборан сафар мекунанд.
|
 Бар асари боришоти зиёд ва сардии ҳаво то ҳол дар мамлакатҳои Аврупо 650 нафар ба ҳалокат расиданд. Гуфта мешавад, ки дар Руминия бориши барф қатъ намегардад. Дар баъзе минтақаҳои кӯҳистони ин мамлакат бар асари лағжиши барф иншооти интиқоли нерӯи барқ хароб гардид. Дар натиҷа 60 ҳазор нафар сокинони ин минтақаҳо аз истифодаи нерӯи барқ маҳрум гардиданд. Ҳукумати мамлакат аз Созмонҳои байналмилалӣ дархост намудааст, ки ба аҳолии минтақаҳои зарардида кӯмак расонад. Чунин ҳолат дар дигар мамлакатҳои бо Руминия ҳамсоя низ мушоҳида мегардад. Сармои шадид боиси фавтидани чорво ва паррандагон низ гардид.
|
 Кормандони мақомоти полиси Италия зимни гузаронидани як амалиёт 8 нафар қаллобонро боздошт намуданд. Ҳангоми гузаронидани тафтишот аз онҳо 6 триллион доллари қалбакӣ дарёфт карда шуд. Қаллобон кӯшиш доштанд, ки долларҳои қалбакиро дар чанд мамлкати дунё паҳн намоянд. Ба ақидаи мақомоти тафтишотии Италия ин маблағ як қисми қарзи Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро ташкил менамояд. Вобаста ба ин қазия тафтишот идома дорад.
|
 Шаҳрвандони Либия яксолагии сар задани инқилобро бар зидди сиёсати собиқ роҳбари давлат Муаммар Қззофӣ таҷлил намуданд. Вобаста ба ин сана дар шаҳри Бенғозӣ, ки аз ҷиҳати нуфуз дар Либия шаҳри дуввум ба шумор меравад, роҳпаймоӣ сурат гирифт. Аҳолии мамлакат бо таассуф иброз доштанд, ки он чизеро, ки аз инқилоб интизор буданд, ҳанӯз ҳам барояшон фароҳам нагардидааст. Ба ақидаи ҳимоятгарони ҳуқуқи инсон то ҳол дар Либия поймол кардани ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон мушоҳида мегардад. То ҳол таъқиби ҷонибдорони собиқ роҳбари Либия идома дорад. Созмони Миллаи Муттаҳид, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва дигар мамлакатҳои абарқудрат аз ҳукумати нави Либия даъват намуданд, ки дар ҷумҳурӣ ба таъқибот хотима бахшида, низоми демократияро риоя намоянд.
|
 Ширкати техникии «Панасоник»-и Япония истеҳсоли дастгоҳи наворбардории нави «ЭЛ-ДИ»-ро ба роҳ монд. Гуфта мешавад, ки дастгоҳи нав дорои 4 протсессор ва микрофон мебошад. Ба ақидаи коршиносон бо ин дастгоҳ навори «СИ-Ди»-ро дар сатҳи олӣ сабт кардан имконпазир аст. Таҷҳизоти нав дорои акумлятори нав мебошад, ки аз барқ нерӯ мегирад. Яке аз ҷиҳатҳои дигари дастгоҳи нав аз иборат аст, ки навори сабтгардидаро танҳо дар телевизорҳои «СИ-Ди» тамошо кардан мумкин аст.
|
 Дар шаҳрҳои калонтарини Сенегал бетартибиҳо идома дорад. Шаҳрвандони мамлакат аз роҳбари феълии кишвар Абдулло Вад, ки номзадии худро дар интихоботи президентӣ гузоштааст, изҳори норозигӣ баён менамоянд. Гуфта мешавад, ки дар ин мамлакат интихоботи президентӣ 26-уми феврал баргузор мегардад. Дар ҷараёни гирдиҳамоиҳо номзад ба ин мақоми олӣ аз ҷониби мухолифин Шайх Бамба Арийе боздошт гардид. Лекин пас аз як рӯз ӯ озод карда шуд. Мувофиқи иттилои расида, пас аз он, ки Суди конститутсионии Сенегал бе ягон огоҳӣ аз ба қайд гирифтани номзадии сарояндаи машҳур Юсундур даст кашид, дар мамлакат бетартибиҳо оғоз шуданд. Бар асари бетартибиҳо дар Сенегал 4 нафар ба ҳалокат расид.
|
 Гузаштан аз низоми пешини пардохти нафақа ба раванди нав шаффоф гардонидани пардохти нафақа дар шароити имрӯза арзёбӣ мегардад. Вале барои ба пуррагӣ таъмин кардани нафақагирон бо кортҳои пластикӣ вақт лозим аст. Зеро дар кишвар шумораи нафақагирон ҳудуди 600 ҳазор асту то ба имрӯз бештар аз 100 ҳазор бо кортҳои пластикӣ таъмин карда шудаанд. Барои ба пуррагӣ таъмин намудани нафақагирон ҳармоҳа аз ҳисоби фонди нафақа харҷи камтар аз 90-миллион сомонӣ лозим меояд. Дар қаламрави ҷумҳурӣ имрӯзҳо 584-ҳазор нафақагир ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин шумора зиёда аз 490 ҳазори онҳо нафақаи меҳнатӣ мегиранд. Шумораи онҳое, ки нафақаи маъюбӣ мегиранд аз 90-ҳазор иборат аст. Тавре, ки масъулони Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа мегӯянд, дар соли 2011-ум 1-миллиарду 71-миллион сомонӣ барои таъминоти нафақа ва дигар кӯмакпул... Давомаш »
|
 Дар маркази савдои шаҳри Парачинори Ҷумҳурии Исломии Покистон амали террористӣ анҷом дода шуд. Гуфта мешавад, ки террористон маводи таркандаро дар дохили мағоза ба кор дароварданд. Бар асари таркиш 23 нафар ба ҳалокат расида, 50 каси дигар ҷароҳати гуногун бардоштанд. Дар ҳудуди Покистон ҷустуҷӯи террористон идома дорад. Ин амали террористиро гурӯҳи «Толибон»-и Покистон ба ӯҳда гирифтанд. Бояд гуфт, ки шаҳри Парачинор яке аз минтақаҳои ноороми Ҷумҳурии Исломии Покистон ба шумор рафта, дар ин ҷо қариб ҳамарӯза амалҳои террористӣ содир карда мешавад.
|
« 1 2 3 4 5 ... 168 169 »
|
Погода в Таджикистане
Поиск города
Погода в столицах мира
Курс валют
|