6 Января 2012 - Муассисаи давлатии "Чахоннамо"

........................
Панчшанбе, 23.02.2012, 03:20
| RSS

 

Менюи асоси
Пурсиш
Кадом барномахои ТВ "Чахоннамо"-ро Шумо тамошо мекунед?
Чавоби хамаги: 827
Омор

Онлайн хамаги: 1
Мехмон: 1
Иштироккунанда: 0
Даромад
E-mail:
Парол:
Хабархо
Асоси » 2012 » Январ » 6
Наздики 5 ҳазор адад ашёҳои аз киштии "Титаник” бозёфтшуда дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба музояда гузошта шуд. Дар байни онҳо чамбараки идоракунандаи киштӣ ва ашёҳои мусофирон низ мебошанд. Тамоми ин ашё рӯзи 15-уми апрел, ки аз замони садамаи "Титаник” 100 сол сипарӣ мешавад, ба фурӯш хоҳанд рафт. Дар маҷмӯъ ашёи мазкур 189 миллион доллар баҳогузорӣ шудааст. Бозёфтҳо дар анҷоми фаъолияти 7 ҳайати эъзомия дар пайи тадқиқи "Титаник”-и ба умқи об фурӯ рафта, ҷамъоварӣ гардидаанд. Ёдрас мешавем, ки он 15-уми апрели соли 1912 баъди бархӯрдан бо пиряхи бузурге дар Уқёнуси Атлантика ба қаъри об рафта буд. Фоҷеаи мазкур боиси фавти 1,5 ҳазор нафар гашт.
  Нигох кардаанд: 8 |  Илова: jahonnamo |  Таърихи руз: 06.01.2012 | Шарххо (0)

Айбномаҳои навбатӣ нисбат ба собиқ сарвазири Исроил Эҳуд Олмерт эълон карда шуд. Ӯро дар ришваситонӣ гумонбар меҳисобанд. Бояд гуфт, ки қаблан низ Эҳуд Олмертро барои гирифтани пора айбдор карда буданд. Эҳуд Олмерт гӯё зимни додани иҷозатнома барои сохтани бинои истиқоматӣ дар Байтулмуқаддас маблағи зиёдро ба сифати пора талаб кардааст. Прокурор парвандаи ҷиноятиро дар нисбати ӯ ба додгоҳ ирсол менамояд. Худи Эҳуд Олмерт ҳамаи айбномаҳоро рад мекунад. Тафтишот дар ин самт идома дорад.
  Нигох кардаанд: 5 |  Илова: jahonnamo |  Таърихи руз: 06.01.2012 | Шарххо (0)

Ҳукумати Олмон ва сиёсатмадорони мухолифин, президенти кишвар Кристиан Вулфро пас аз баромади телевизиониаш мавриди танқид қарор доданд. Кристиан Вулфро барои сӯистифода аз ваколатҳояш айбдор меҳисобанд. Вале новобаста аз ҳамаи ин айбномаҳо ӯ мегӯяд, ки ба истеъфо рафтанӣ нест. Ӯро барои гирифтани маблағи қарз ва аз худ кардану напардохтани он гунаҳкор медонанд. Ғайр аз ин, ӯ ба намояндагони васоити ахбори омма муносибати нохуб дошта, ба онҳо фишор меовардааст. Вале президент иброз медорад, ки ӯ аз рӯзноманигорон танҳо хоҳиш намудааст, ки аз интишори мақола дар бораи қазияи ӯ худдорӣ кунанд. Вобаста ба ин ҳодиса аллакай Вулф узрхоҳӣ кард.
  Нигох кардаанд: 5 |  Илова: jahonnamo |  Таърихи руз: 06.01.2012 | Шарххо (0)

Прокурори Миср аз додгоҳи кишвар талаб намуд, ки нисбат ба собиқ президенти мамлакат Ҳусни Муборак, собиқ вазири корҳои дохилӣ ва якчанд намояндагони полис, ҳукми олии қатлро раво бинад. Онҳо дар куштори иштирокчиёни намоишҳои эътирозӣ, ки аввали соли гузашта ба амал омада буд, айбдор дониста мешаванд. Тавре прокурор иброз дошт, парвандаи ҷиноии онҳо тақозо менамояд, ки барои ҳар як нафарашон ҷазои олӣ муқаррар кунанд. Рӯзи чоршанбеи ҳафтаи равон, прокурор дар хусуси анҷом ёфтани раванди тафтишот изҳорот дод. Ҳарчанд айбдоршавандагон дар ҷиноятҳо шахсан иштирок накарда бошанд ҳам, масъулияташ бар ӯҳдаи онҳо мебошад. Дар курсии айбдоршавандагон 2 фарзанди Ҳусни Муборак низ ҳаст, ки онҳоро дар ришваситонӣ айбдор меҳисобанд. Мурофиаи судӣ бори дигар то рӯзи душанбеи оянда мавқуф гузошта шуд. Ёдовар мешавем, ки ҳангоми гирди... Давомаш »
  Нигох кардаанд: 6 |  Илова: jahonnamo |  Таърихи руз: 06.01.2012 | Шарххо (0)

Ҳангоми хомӯш кардани сӯхтори ҷангалзор, ки дар қисми марказии Чили ҷойгир аст, 6 нафар ба ҳалокат расида, 1 каси дигар беномунишон шудааст. Гузашта аз ин 2 иштирокчии сӯхторхомӯшкунӣ дар натиҷаи сӯхтор ҷароҳатҳои вазнин бардоштанд. Ҳукуматдорони Чили дар робита ба воқеаи сӯхтори ҷангалзорҳо, ки аз ҳафтаи гузашта идома доранд изҳорот дода, гуфтанд, ки эҳтимол дар ин амалҳо ҷинояткорон даст дошта бошанд. Аммо сӯхторхомӯшкунандагон маҷбуранд, ки натанҳо ба натиҷаҳои отошзании қасдӣ, балки бо беэҳтиётии сайёҳон низ мубориза баранд. Ҳамин тавр, кормандони полис барои гулхани то охир хомӯшнашуда, ки боиси сӯхтори шадид шуд, сокинони Исроил боздоштанд. Вазидани шамол вазъиятро якбора вазнин кард. Айни ҳол дар Чили зиёда аз 50 сӯхтори ҷангалзор ба қайд гирифта шудааст. Аллакай зиёда аз 50 000 гектар замину ҷангалзор ва ҳазорҳо х... Давомаш »
  Нигох кардаанд: 5 |  Илова: jahonnamo |  Таърихи руз: 06.01.2012 | Шарххо (0)

Собиқ фармондеҳи нерӯҳои ҳарбии Туркия аз бинои суд ба ҳабс интиқол дода шуд. Ӯ барои шоҳиди додан ба додгоҳ омада буд. Ӯро дар нақшаи пароканда кардани ҳизби роҳбарикунандаи Туркия "Адолат ва рушд” гумонбар меҳисобанд. Номбурда, генерал-Илкер Вашбуг буда, соли 2010 аз мақоми худ ба истефо рафта буд. Алҳол тафтишот оид ба қазияи нақшаи ба амал овардани табаддулоти давлатӣ ва аз байн бурдани ҳукумати кунунӣ идома дорад. Тафтишот бояд муайян кунад, ки генерал дар ин нақша даст дорад ё не. Боиси қайд аст, ки вобаста ба ин қазия даҳҳо нафар низомию ғайринизомӣ ҳамчун гумонбар дастгир карда шудаанд.
  Нигох кардаанд: 5 |  Илова: jahonnamo |  Таърихи руз: 06.01.2012 | Шарххо (0)

Дар яке аз шоҳроҳҳои нақлиётгарди қисми ҷанубии штати Техаси Иёлоти Муттахидаи Амрико якбора 50 автомошина ба ҳама бархӯрданд. Дар натиҷаи ҳодиса наздики 50 нафар ҷароҳати гуногуни ҷисмонӣ бардошт. Дар робита ба садамаи рухдода, ҳаракати автомобилҳо дар шоҳроҳи мазкур муваққатан қатъ гардид. Садама дар пайи фурӯд омадани тумани ғафс ба амал омадааст. Ба иттилои ронандагон то масофаи 20 метр мушоҳидаи автомобилҳо ғайриимкон будааст.
  Нигох кардаанд: 6 |  Илова: jahonnamo |  Таърихи руз: 06.01.2012 | Шарххо (0)

Баъди 66 рӯзи эътирозҳо ҳиндуҳои Боливия ниҳоят ба мақсади худ расиданд. Ҳамин тавр ноиби президенти ин кишвар талаботи онҳоро қонеъ карда, ба кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар бораи боздоштани сохтмони шоҳроҳе, ки мамнӯъгоҳи "Тип-Нис”-ро убур мекард, дастур дод. Намоишҳои оммавӣ бар зидди сохтмони шоҳроҳ дар ҳавзаи Амазонка ҳанӯз моҳи августи соли 2011-ум оғоз гардида буд. Ҳазорҳо нафар ҳиндуҳо бо мақсади ҳифз кардани мамнӯъгоҳи "Тип-Нис” ба нишони эътироз ҷамъ омада буданд. Баъдан ба ҳиндуҳо сокинони шаҳриЛа-Пас низ пайвастанд. Ғайр аз ҳифзи муҳити зист онҳо иҷозати истифодаи барги "Кока”- ро низ зимни маросимҳои худ, талаб доранд.
  Нигох кардаанд: 7 |  Илова: jahonnamo |  Таърихи руз: 06.01.2012 | Шарххо (0)

Дар Ироқ бар асари таркишҳои пай дар пай давоми як шабонарӯзи охир 73 нафар ба ҳалокат расида, 80 каси дигар ҷароҳат бардоштанд. Тавре хабар дода мешавад, вазъи саломатии аксари маҷрӯҳон вазнин арзёбӣ мегардад. Ҳодисаи аввал дар қисми ҷанубии мамлакат дар минтақаи наздикии Ал-Носирӣ ба амал омада, як нафар маргталаб дар миёни анбӯҳи одамон худро таркондааст. Қисме аз ҳалокшудагон зоирон буданд, ки ҷониби Карбало барои анҷоми зиёрат ҳаракат доштанд. Танҳо дар ин ҷо 4 нафар ба ҳалокат расида, даҳҳо каси дигар захмӣ шуданд. Рӯзи паҷшанбе бошад, дар Бағдод якбора 4 таркиш ба амал омад. Дар ин ҷо ду автомобили бо моддаи тарканда муҷаҳҳаз ба кор дароварда шуд. Новобаста аз тадбирҳои андешидаи мақомоти амниятии мамлакат дар Ироқ вазъият ҳанӯз ноором аст. Пас аз хурӯҷи низомиёни Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҳамлаҳои террористӣ дар ин ма... Давомаш »
  Нигох кардаанд: 14 |  Илова: jahonnamo |  Таърихи руз: 06.01.2012 | Шарххо (0)

Забон
Чустучу
Таквим
«  Январ 2012  »
ДшСшЧрПнЧмШнЯш
      1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031
Погода в Таджикистане Поиск города
bloguez.com
Погода в столицах мира Курс валют
Конвертор валют. Информер

Copyright Ч,умабой © 2012
Бесплатный хостинг uCoz