Омор
Онлайн хамаги: 1
Мехмон: 1
Иштироккунанда: 0
Асоси » 2012 » Январ » 5
Кормандони соҳаи тиб пас аз ташхиси иловагии Андерс Брейвик ба хулосае омаданд, ки вазъи саломатии ӯ хуб аст ва террорист бояд дар маҳбас нигоҳ дошта шавад. Ҳангоми гузарондани ташхиси аввал муайян карда шуда буд, ки Андерс Брейвик ба бемории рӯҳӣ гирифтор аст. Муҳофизони Андерс Брейвик талаб доранд, ки барои пурра намудани саломатиаш боз як ташхиси иловагӣ гузаронида шавад. Зеро нишондоди якум бо дуюм мутобиқат намекунад. Гуфта мешавад, ки мурофиаи судӣ вобаста ба амали Брейвик, ки дар пойтахти Норвегия-шаҳри Осло ва ҷазираи Утоя содир карда буд, ки дар натиҷа 77 нафар ҳалок гардиданд, соли 2012 баргузор мегардад.
Мувофиқи иттилои расонаҳои хабарӣ Президенти Олмон Кристиан Вулф мақсади ба истифода рафтанро надорад. Гуфта мешавад, ки дар ин бора зимни баромад, дар яке аз шабакаҳои телевизиони давлатӣ иброз доштааст. Чанде пеш расонаҳои хабарӣ Вулфро дар фишор овардан ба васоити ахбори оммаи мамлакат гунаҳгор дониста буданд. Кристиан Вуфл иброз медорад, ки ба сармуҳаррири оҷонсии "Билд” занг зада буд, вале қонунро вайрон накардааст. Муноқиша пас аз он, ки Вулф барои чопи мақолае, ки дар он гирифтани қарз дар ҳаҷми 500 ҳазор эвро бояд дарҷ мегардид, монеа эҷод намуд, сар зад. Тавре маълум гардид, ин бори аввал нест, ки Кристиан Вулф ба расонаҳои хабарӣ чунин фишор меорад. Намояндагони иттифоқӣ рӯзноманигорон иброз медоранд, ки Вулф дар ин ҳолат қонуни озодии суханро поймол кардааст. Мухолифин бошанд, дар навбати худ истеъф... Давомаш »
Дар як қатор мамлакатҳои Аврупо боду ҳаво номусоид гардида, боришоти зиёд ба қайд гирифта мешавад. Боришоти пай дар пай ва бо суръати баланд вазидани шамол дар Эстония обхезиро ба миён овард. Таҷҳизоти махсуси ченкунанда суръати вазиши шамолро дар як сония 35 метр нишон медиҳад. Ҳангоми вазиши шамол мавҷи оби баҳр то 10 метр баланд гардида, ба минтақаҳои наздисоҳилии Эстония хатар эҷод меамояд. Дар Шветсия бошад, чунин вазъи боду ҳаво ба ҳаракати киштиҳои баҳрӣ халал расонд. Бар асари тӯфони шадид хатҳои интиқоли барқ хароб гардида, зиёда аз 10 ҳазор нафар сокинони минтақаҳои наздисоҳилӣ аз истифодаи нерӯи барқ маҳрум гардиданд. Ҳамчунин садамаҳои зиёди нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст. Дар бораи талафоти ҷонӣ ва ҳаҷми хисороти воридгардида, то ҳол ягон маълумот дода нашудааст. ... Давомаш »
Дар Мексика гурӯҳи калони ҷинояткорон бо сарварии Раул Фернандес боздошт гардиданд. Гуфта мешавад, ки номбурда роҳбарии яке аз гурӯҳҳои ашадии нашъаҷалобро ба ӯҳда доштааст. Ҳукуматдорон барои дастгир намудани Раул Фернандес як миллион доллар ҳадя ваъда дода буданд. Ёдовар мешавем, ки чиняткорони гурӯҳи Раул Фернандос чанд сол боз мавриди кофтукоб қарор доштанд. Нашъаҷаллобон дар содир кардани як қатор амалҳои ҷиноятӣ дар ҳудуди Мексика ва берун аз он гунаҳкор дониста мешавад.
Ҳукуматдорони Ҷумҳурии Мардумии Чин бо мақсади ҳифзи шаҳрвандони худ, аз таъсири мамлакатҳои хориҷӣ ба шабакаҳои телевизионӣ иҷозат дод, ки ҳафтае ду маротиба барномаҳои фарҳангиву фароғатӣ пахш намоянд. Гуфта мешавад, ки тайи солҳои охир пахши чунин барномаҳои фаҳангиву фароғатӣ ду баробар коҳиш ёфтааст. Ҳамчунин ҳукуматдорон аз хабарнигорон талаб доранд, ки барномаҳои фароғатиро дар сатҳи баланд таҳия намоянд.
Ҳукуматдорони Куба барои харидории масолеҳи сохтмонӣ ва бунёди манзили зист ба шаҳрвандон кӯмакҳои молӣ мерасонанд. Ин ташаббус пас аз қабули ислоҳот дар самти беҳтаршавии бахши тиҷорати хусусӣ қабул карда шуд. Чанде пеш Раул Кастро ба хариду фурӯши автомобил ва манзил иҷозат дода буд. Ёдовар мешавем, ки то ворид намудани ислоҳот дар ин самт хариду фурӯши автомобил ва манзили зист дар ҷазираи "Озодӣ” мамнӯъ дониста мешуд.
Дар Ҷумҳурии Белоруссия шурӯъ аз 6-уми январ дар бораи маҳдуд намудани истифодаи интернет қонун қабул карда мешавад. Мувофиқи қонун ворид шудан ба сомонаҳои хориҷӣ мамнӯъ дониста мешавад. Тамоми сомонаҳое, ки дар оянда хоҳиши фаъолият карданро доранд, бояд аз қайди давлатӣ гузаранд. Сокинони мамлакат қонуни маҳдуд намудани истифодаи интернетро оромона қабул намуданд. Ба ақидаи онҳо сомонаҳои хориҷӣ бештар ба иғвоандозӣ роҳ медиҳанд.
Ширкати истихроҷи нафту гази "Шеврон”-и Амрико аз хулосаи додгоҳи Эквадор изҳори норозигӣ баён кард. Чанде қабл тибқи хулосаи додгоҳи Эквадор ширкати "Шеврон” ӯҳдадор гардид, ки барои ифлос кардани бешазорҳои Амазонка бояд 18 миллиард доллар пардохт намояд. Ин ширкати америкоӣ ҳукумати Эквадорро дар дахолати мурофияи судӣ муттаҳам кард. Акнун ширкати "Шеврон” тасмим дорад, ки барои ҳаллӣ қазия ба додгоҳҳои хориҷӣ муроҷиат намояд. Тавре гуфта мешавад, ширкати "Шеврон” ба додгоҳи байналмилаии "ГААГА” ва додгоҳи Ню-Йорк шикоят бурдааст. Тибқи маълумот мурофиаи судӣ оид ба вайрон кардани муҳити зист аз ҷониби ин ширкат соли 1992 оғоз шудааст.
Бар асари боронҳои зиёд дар Бразилия обхезӣ ба амал омад. Бар асари офати табиӣ 8 нафар ба ҳалокат расида, 3 каси дигар ҷароҳат бардошт. Айни ҳол даҳҳо нафари дигар дар руйхати беномунишонгаштагон қарор доранд. Хабар дода мешавад, ки бо мақсади наҷот ёфтан 13 ҳазор нафар сокинони шаҳри Рио-де-Жанейро манзилҳои худро тарк намуданд. Мувофиқи иттилои расида, 66 минтақаи аҳолинишини Бразилия дар натиҷаи обхезӣ зарар дидааст. Ҳукумати Бразилия дар минтақаҳои зарардида, воқеъ дар қисми ҷанубу шарқии ин мамлакат вазъияти фавқулодда эълон кард. Мувофиқи маълумоти марказҳои обуҳавошиносӣ дар Бразилия мавсими боронҳо моҳи ноябр шурӯъ шуда, то фасли баҳор идома меёбад. Коршиносон соли 2011-умро барои Бразилия соли хатарнок арзёбӣ намуданд. Зеро давоми соли гузашта аз обхезӣ ва дигар ҳодисаҳои табиӣ дар ин мамлакат 900 нафар ҷони ... Давомаш »
Погода в Таджикистане
Поиск города
Погода в столицах мира
Курс валют