4 Января 2012 - Муассисаи давлатии "Чахоннамо"

........................
Панчшанбе, 23.02.2012, 03:20
| RSS

 

Менюи асоси
Пурсиш
Барномахои кадоме аз ин хабарнигорон ба Шумо писанд аст?
Чавоби хамаги: 501
Омор

Онлайн хамаги: 1
Мехмон: 1
Иштироккунанда: 0
Даромад
E-mail:
Парол:
Хабархо
Асоси » 2012 » Январ » 4
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Ху Тзинтао барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад: Мӯҳтарам ҷаноби Раис, Имрӯз дар таърихи муштараки мо рӯзи басо муҳим-20-умин солгарди барқарории муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин аст. Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар қатори аввалинҳо шуда, дар солҳои бунёди Тоҷикистони навин истиқлолияти давлати ҷавон, роҳи мустақили рушди сиёсӣ ва иқтисодии мамлакати моро эътироф кард. Аз ҳамон замон аллакай 20 сол мешавад, ки ҳамчун ҳамсояҳои нек ва шарикони боэътимоди аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмиро таҳким бахшида, дар мубориза ба муқобили сару садоҳо ва таҳдидҳои нав дар якҷоягӣ зич мубориза бурда, дар таъмини амният ва ояндаи босубот дар минтақа ва ҷаҳон иштироки фаъол... Давомаш »
  Нигох кардаанд: 14 |  Илова: jahonnamo |  Таърихи руз: 04.01.2012 | Шарххо (0)

Имрӯз Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Ху Тзинтао ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла омадааст: "Ба муносибати 20-солагии барқарории муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи Ҳукумат ва халқи Ҷумҳурии Мардумии Чин, инчунин шахсан аз номи худ ба Шумо, Ҷалолатмаоб ва дар шахси Шумо ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва халқи тоҷик табрикоти гарму ҷӯшон ва таманниёти беҳтарини худро мерасонам.” Чин ва Тоҷикистон ҳамсоягони нек ба шумор рафта, робитаҳои дӯстона миёни халқҳои ду мамлакат ба гузаштаи дур мерасад. Дар тӯли 20 сол баъд аз барқарории муносибатҳои дипломатӣ муносибатҳои Чину Тоҷикистон рушди солим ва мӯътадилро ба даст оварданд. Ҷонибҳо дар сатҳи олӣ ва баланд робитаҳои зич дошта, сатҳи эътимоди байниҳамдигарии сиёсиро пай... Давомаш »
  Нигох кардаанд: 10 |  Илова: jahonnamo |  Таърихи руз: 04.01.2012 | Шарххо (0)

Комиссияи тафтишотии қатли роҳбари шабакаи террористии "Ал-Қоида” дар Покистон боз чанд махфигоҳ ва маҳалли будубоши террористи рақами яки ҷаҳон Усома Бинни Лоданро ошкор намуд. Аз махфигоҳ ба миқдори зиёд адабиёти ифротӣ ва лавозимоти ҷангӣ дарёфту мусодира гардид. Амалиёт дар минтақаи Абутобод роҳандозӣ шуд. Бояд гуфт, ки худи роҳбари шабакаи "Ал-Қоида”-Усома Бини Лодан моҳи августи соли 2011 дар минтақаи Абутобод аз ҷониби нерӯҳои ҳарбӣ-ҳавоии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба қатл расонида шуд.
  Нигох кардаанд: 16 |  Илова: jahonnamo |  Таърихи руз: 04.01.2012 | Шарххо (0)

Дирӯз дар шаҳри Қандаҳори Ҷумҳурии Исломии Афғонистон 3 таркиш рух дод, ки дар натиҷа 13 нафар кушта ва даҳҳо каси дигар маҷрӯҳ шуданд. Намояндагони мақомоти расмӣ мегӯянд, ки 2 таркиш қасдан ба амал оварда шудааст. Тавре иттилоъ дода мешавад, шахси мототсиклсавори маргталаб, худро дар назди кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва анбӯҳи одамон таркондааст. Дар миёни халокшудагон 4 кӯдак ва як корманди ҳифзи ҳуқуқ низ мебошад. Ёдовар мешавем, ки айни ҳол дар қаламрави Афғонистон даҳҳо ҳазор афсари кишварҳои хориҷӣ карор доранд. Аммо новобаста аз ин то кунун наметавонанд, ки пеши роҳи чунин амалҳои террористӣ гирифта шавад.
  Нигох кардаанд: 8 |  Илова: jahonnamo |  Таърихи руз: 04.01.2012 | Шарххо (0)

Ҳукуматдорони Туркия ба наздикону пайвандон ва оилаҳои қурбониёни ҳамлаҳои ҳавоии иштибоҳии нерӯҳои мамлакат, кӯмаки пулӣ ирсол намуданд. Дар ин бора муовини аввали сарвазири Туркия ба расонаҳои хабарӣ иттилоъ дод. Бояд гуфт, ки ҳафтаи гузашта 35 нафар курдҳои Туркия, ки аз Ироқ ба кишварашон маводи озуқа ва сӯхт интиқол медоданд, ҳадафи ҳамла қарор гирифтанд. Ин ҳамла хашму ғазаби курдҳои Туркияро дучанд намуд. Дар пайи ин ҳамлаи иштибоҳӣ ҳукумати Туркия аз наздикони ҳалошудагон узр пурсида, ба онҳо изҳори тасаллият кард.
  Нигох кардаанд: 7 |  Илова: jahonnamo |  Таърихи руз: 04.01.2012 | Шарххо (0)

Намояндагони Ҳаракати "Толибон” барои ифтитоҳи намояндагии худ дар Қатар ба мувофиқаи қаблӣ расиданд. Намояндагии мазкур ба хотири ба роҳ мондани гуфтушунид бо Вашингтон ва ҷомеаи ҷаҳонӣ кушода мешавад. Ҷониби Толибон талаб доранд, ки маҳбусони Ҷазираи Гуантанамо, ки барои робита доштан бо Толибон ҳабс шудаанд, озод карда шаванд. Қаблан Қасри Сафед барои ба роҳ мондани гуфтушунид бо Толибон изҳорот дода буд. Дар охири рӯзҳои соли гузашта, ноиби президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико иброз дошт, ки аз ин пас Ҳаракати "Толибон” дигар душмани Амрико ба шумор намеравад. Маъмурияти Қасри Сафед борҳо изҳорот дода буд, ки Ҳаракати "Толибон” бояд ба гурӯҳи "Ал-қоида” ҳама гуна робитаро қатъ намояд. Ғайр аз ин тамоми қонунҳои амалкунандаи Афғонистонро эътироф карда, муқаррароти онро бе чуну чаро риоя кунанд. Давоми 10 соли ҷанг Иёлот... Давомаш »
  Нигох кардаанд: 10 |  Илова: jahonnamo |  Таърихи руз: 04.01.2012 | Шарххо (0)

Дар пойтахти Урдун шаҳри Уммон давоми 16 моҳи охир бори аввал гуфтушунид миёни намояндагони Фаластин ва Исроил баргузор гардид. Пас аз анҷоми вохӯрии мазкур ҷонибҳо ба мувофиқа омаданд, ки мулоқотро ҳафтаи оянда идома диҳанд. Вазири корҳои хориҷии Урдун, ки дар гуфтушуниди мазкур нақши миёнаравро иҷро мекард, изҳорот дод, ки мулоқот бо як қатор натиҷаҳои мусбат анҷом ёфт. Намояндагони Фаластин ҳуҷҷати махсусеро оид ба сарҳад ва риояи низоми бехатарӣ ба ҳамтои Исроилии худ пешниҳод намуд. Ҷониби Исроил бошад, иброз дошт, ки ҳуҷҷати мазкурро дида мебарояд.
  Нигох кардаанд: 8 |  Илова: jahonnamo |  Таърихи руз: 04.01.2012 | Шарххо (0)

Шоҳи Марокаш Муҳаммади-6-ум дар маросими савгандёдкунии ҳукумати нав бо роҳбарии Абдуллоҳ Бинкирон иштирок намуд. Абдуллоҳ Бинкирон роҳбари ҳизби "Адолат ва рушд” мебошад, ки дар интихоботи фаврии парлумонии моҳи ноябри соли гузашта баргузоргардида, ғолибият ба даст оварда буд. Дар ҳайати ҳукумати нав як зан Басима Хакавӣ мебошад, ки ӯ роҳбарии масъалаҳои оилавӣ ва иҷтимоиро бар дӯш дорад. Аз ибтидои истиқлолият ба даст овардани Марокаш дар соли 1856 ин 30-юмин ҳукумати мамлакат мебошад, ки ба фаъолият оғоз мекунад. Аммо ин аввалин ҳукуматест, ки аксар аъзои он бидуни дахолати шоҳ интихоб гардидаанд.
  Нигох кардаанд: 7 |  Илова: jahonnamo |  Таърихи руз: 04.01.2012 | Шарххо (0)

Ширкати "British Petroleum” аз "Helly Burton” ба андозаи 21 миллиард доллар ҷубронпулӣ талаб мекунад. Ба гуфтаи намояндагони "Би-Пи” ширкат маблағи мазкурро барои бартарафкунии оқибатҳои садама дар яке аз коргоҳҳояш дар соли 2010 сарф кардааст. Дар натиҷаи таркиш 11 нафар ба ҳалокат расидаву ба обҳои Халиҷи Мексика наздики 5 миллион баррел нафт ҷорӣ шуда буд. Ба маблағи аз ҷониби "British Petroleum” тақозошуда, маҷмӯи корҳои бартарафкунӣ, аз қабили тоза кардани об ва хисорот аз ҳисоби коҳиш ёфтани арзиши маҳсулот, анҷом дода мешавад. Ширкати "Би-Пи”, "Helly Burton”-ро, ки дар сохтмони коргоҳи мазкур иштирок дошт, дар истифода бурдани масолеҳи биносозии пастсифат муттаҳам мекунад, ки боиси марги шахсони зиёд шуд. Аммо намояндагони ширкати "Helly Burton” дар навбати худ тамоми айбномаҳоро инкор мекунад.... Давомаш »
  Нигох кардаанд: 8 |  Илова: jahonnamo |  Таърихи руз: 04.01.2012 | Шарххо (0)

Президенти Аргентина Кристина Киршнер барои ҷарроҳӣ омодагӣ мебинад. Табибон бояд варами ғадуди сипаршакли ӯро бартараф кунанд. Алҳол Киршнер дар беморхонаи шаҳри Пилар қарор дошта, дар гирду атрофи он ҷоинбдорони ӯ хаймаҳо оростаанд. Баъди ҷароҳат на камтар аз 3 шабонарӯз таҳти назорати табибон қарор мегирад. Ба гуфтаи табибон вазъи саломатии ӯ на он қадар вазнин буда, барои бартарафкунии саратони ғадуди сипаршакл Киршнер ба табобати кимиёӣ эҳтиёҷ надорад.
  Нигох кардаанд: 6 |  Илова: jahonnamo |  Таърихи руз: 04.01.2012 | Шарххо (0)

Забон
Чустучу
Таквим
«  Январ 2012  »
ДшСшЧрПнЧмШнЯш
      1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031
Погода в Таджикистане Поиск города
bloguez.com
Погода в столицах мира Курс валют
Конвертор валют. Информер

Copyright Ч,умабой © 2012
Бесплатный хостинг uCoz