3 Января 2012 - Муассисаи давлатии "Чахоннамо"

........................
Панчшанбе, 23.02.2012, 03:21
| RSS

 

Менюи асоси
Пурсиш
Кадом барномахои ТВ "Чахоннамо"-ро Шумо тамошо мекунед?
Чавоби хамаги: 827
Омор

Онлайн хамаги: 1
Мехмон: 1
Иштироккунанда: 0
Даромад
E-mail:
Парол:
Хабархо
Асоси » 2012 » Январ » 3
Дар оғози соли нави мелодӣ дар Полша қариб ҳазор ҳодисаи сӯхтор ба қайд гирифта шуд. Кормандони мақомоти оташнишонӣ яке аз сабабҳои сар задани чунин ҳодисаро дар нодуруст истифода бурдани маводи пиротехникӣ арзёбӣ менамоянд. Гуфта мешавад, ки бар асари сар задании сӯхтор 12 кас ба ҳалокат расида, даҳҳо нафари дигар ҷароҳат бардоштанд. Кормандони мақомоти полиси Полша иттилоъ медиҳанд, ки дар натиҷаи ба амал омадани садамаҳои нақлиётӣ, беш аз 30 нафар ба ҳалокат расида, даҳҳо нафари дигар захм бардошта, дар беморхонаҳо бистарӣ гардиданд. Гуфта мешавад, ки садамаҳои нақлиётӣ дар натиҷаи беаҳмиятии шаҳрвандон ва бо суръати баланд ҳаракат кардани воситаҳои нақлиёт рух додааст.
  Нигох кардаанд: 9 |  Илова: jahonnamo |  Таърихи руз: 03.01.2012 | Шарххо (0)

Пешвои ҳаракати "Ҳаммос” ва роҳбари ҳукумати минтақаи Ғаззаҳ ҳангоми сафари худ ба Туркия, аз киштии кӯмакрасоне, ки бо номи "Флотилияи озод” машҳур аст дидан кард. Гуфта мешавад, ки як сол қабл маҳз ҳамин киштӣ мавриди ҳамлаи низомиёни Исроил қарор гирифтааст. Исмоил Ҳокия аз ҳукумати Туркия вобаста ба дастгирии Фаластин чун далвати мустақил минатдории хешро баён кард. Ҳокия ҳамчунин бо асироне, ки бар ивази афсари исролӣ Гилад Шалид озод шуда буданд, вохӯрд. Ба ақидаи коршиносон муносибатҳои дӯстонаи Фаластин бо Туркия тадриҷан беҳтар мегардад. Мувофиқи иттилои расонаҳои хабарӣ, пас аз ҳамла ба киштии кӯмакрасони Туркия ва ба ҳалокат расидани 9 нафар низомиёни ин мамлакат, муносибатҳои байни Анқара ва Тел-Авив сард гардид.
  Нигох кардаанд: 10 |  Илова: jahonnamo |  Таърихи руз: 03.01.2012 | Шарххо (0)

Озмоиши мушакҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки имконияти дар масофаи 200 километр зери ҳадаф қарор додани нишонро дорад, дар Аврупо чун таҳдиди бевосита қабул гардид. Намояндагони Исроил, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Фаронса аз ин ҳодиса сахт нигарон шуданд. Гуфта мешавад, ки флоти харбӣ-баҳрии Ҷумҳурии Исломии Эрон зиёда аз як ҳафта инҷониб дар гулӯгоҳи Армут, мушакҳои навро аз санҷиш мегузаронад. Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Барак Обама нисбат ба Эрон боз як қатор таҳримҳои навро қабул намуд. Таҳримҳои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико нисбат ба низоми бонкии Эрон пеш аз ҳама, ба Бонки марказии ин мамлакат равона карда шудааст. Ҷониби Эрон изҳор доштааст, ки дар сурати ҳамла кардан ба кишвараш, роҳи ҳаракати киштиҳои нафткашони ҷаҳонро аз тариқи гулӯгоҳи Армут мебандад.
... Давомаш »
  Нигох кардаанд: 19 |  Илова: jahonnamo |  Таърихи руз: 03.01.2012 | Шарххо (0)

Мувофиқи маълумоти расонаҳои хабарӣ аз ибтидои соли нави мелодӣ дар Италия нархи маводи ғизоӣ ва сӯзишворӣ якбора боло рафт. Ин ҳолат ба он оварда расонд, ки дар нуқтаҳои фурӯши маводи сӯхт ронандагон муддатҳои зиёд навбат мепоянд. Дар марказҳои савдо низ чунин ҳолат ба назар мерасад. Коршиносон бар он назаранд, ки дар сурати идома ёфтани чунин вазъият ширкатҳо ба муфлисшавӣ рӯ ба рӯ мешаванд. Роҳбарони ҳукумати Италия талош доранд, ки ҳарчи бештар пеши роҳи қазия гирифта шавад.
  Нигох кардаанд: 7 |  Илова: jahonnamo |  Таърихи руз: 03.01.2012 | Шарххо (0)

Дар пойтахти Маҷористон шаҳри Будапешт намоишҳои оммавии эътирозӣ баргузор гардид. Чанде қабл дар Маҷористон конститутсияи нав қабул карда шуд. Мувофиқи сарқонуни нав минбад калимаи ҷумҳурӣ истифода бурда намешавад. Намоишчиён аз боқӣ мондани калимаи ҷумҳурӣ пуштибонӣ намуданд. Намоишчиён иброз медоранд, ки қабул кардани қонуни асосӣ ба рисолати демократия зарба мезанад. Коршиносон изҳор медоранд, ки бо ворид намудани таъғирот дар конститутсия ҳукуматдорон мехоҳанд диққати сокинони мамлакатро аз мушкилоти ҷойдошта дур намоянд.
  Нигох кардаанд: 10 |  Илова: jahonnamo |  Таърихи руз: 03.01.2012 | Шарххо (0)

Дар Нигерия муноқишаву қонуншиканиҳо айни ҳол бештар ба назар мерасад. Аъзои гурӯҳи террористии "Бока Ҳарам” дар қисми шимолии ин мамлакат аъзои гурӯҳҳои мухолфинро ба қатл мерасонанд. Хадамоти қудратии мамлакат бо мақсади пешгирӣ намудани воридшавии террористону зархаридон ба ҳудуди Нигерия муҳофизати сарҳадро қавӣ менамоянд. Дар натиҷаи қасосгирӣ ва бадбинӣ дар байни гурӯҳҳои гуногун дар Нигерия садҳо нафар захм бардошта, ба ҳалокат мерасанд. Барои роҳбарони мамлакат гирифтани пеши роҳи нооромиҳо торафт мушкил мегардад.
  Нигох кардаанд: 8 |  Илова: jahonnamo |  Таърихи руз: 03.01.2012 | Шарххо (0)

Мувофиқи иттилои манбаъҳои хабарӣ дар Сурия вазъият рӯз аз рӯз мураккаб мегардад. Шоми рӯзи гузашта бар асари задухӯрдҳо дар шаҳри Хомс боз чор нафар мухолифин ба ҳалокат расиданд. Дар шаҳри Димишқ ва дигар минтақаҳои мамлакат мухолифин ва намояндагони ҳизбу ҳаракатҳо даст ба қатлу ғорат мезананд. Новобаста аз ҳузури намояндагони Лигаи далатҳои Араб дар Сурия вазъият ноором аст. Мухолифин талаб доранд, ки президенти Сурия Башор Асад ба истеъфо равад.
  Нигох кардаанд: 9 |  Илова: jahonnamo |  Таърихи руз: 03.01.2012 | Шарххо (0)

Дар яке аз боғҳои истироҳатии штати Вашингтони Иёлоти Муттаҳидаи Амрико собиқ низомии ин мамлакат дар Ироқ Бенҷамин Колт даст ба амали нангин зад. Дар ин маркази фароғатӣ ӯ корманди онро лату кӯб карда, захмӣ намуд. Баъди чанд лаҳза Бенҷамин Колт аз ҷои ҳодиса ғайб зад. Дар натиҷаи ҷустуҷӯ кормандони мақомоти полис ҷасади ҷинояткорро 2 километр дуртар аз боғи фароғатӣ пайдо карданд. Ба ақидаи шоҳидон Бенҷамин Колт дар содир кардани ҷиноятҳои дигар низ даст доштааст.
  Нигох кардаанд: 9 |  Илова: jahonnamo |  Таърихи руз: 03.01.2012 | Шарххо (0)

Забон
Чустучу
Таквим
«  Январ 2012  »
ДшСшЧрПнЧмШнЯш
      1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031
Погода в Таджикистане Поиск города
bloguez.com
Погода в столицах мира Курс валют
Конвертор валют. Информер

Copyright Ч,умабой © 2012
Бесплатный хостинг uCoz