Архиви хабаро - Муассисаи давлатии "Чахоннамо"

........................
Панчшанбе, 23.02.2012, 03:16
| RSS

 

Менюи асоси
Пурсиш
Кадом барномахои ТВ "Чахоннамо"-ро Шумо тамошо мекунед?
Чавоби хамаги: 358
Омор

Онлайн хамаги: 1
Мехмон: 1
Иштироккунанда: 0
Даромад
E-mail:
Парол:
Хабархо
Асоси » Архиви хабаро
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ахбори масъулини ҷумҳуриявӣ ва маҳаллиро доир ба оқибатҳои боришоти зиёди барфу борони рӯзҳои охир шунида, барои амалӣ намудани чораҳои саривақтӣ супоришҳои мушаххас дод. Доир ба ҳолати роҳҳои мошингард ва дигар соҳаҳои осебпазир ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон раисони вилоятҳои Суғду Хатлон Қоҳир Расулзода ва Ғайбулло Авзал, Муовини Сарвазири кишвар Муродалӣ Алимардон, Вазири нақлиёт Низом Ҳакимов, Вазири кишоварзӣ Қосим Қосимов, Раиси кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ Хайриддин Абдураҳимов ва раисони ноҳияҳои Айнӣ, Варзоб, Ҷиргатол, Тавилдара, Рашт, Нуробод ва Файзобод ахбор доданд. Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар назди онҳо доир ба сафарбар намудани нерӯву имконоти иловагӣ, ҳарчи зудтар тоза кардани роҳҳои мошингард аз барфу тарма, кӯмак расондан ба ... Давомаш »
  Нигох кардаанд: 7 |  Илова: jahonnamo |  Таърихи руз: 21.02.2012 | Шарххо (0)

Дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳокимаи парламентӣ таҳти сарпарастии Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия вобаста ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттифоқҳои қарзӣ» баргузор гардид, ки дар он вакилони ин мақоми олии қонунгузор, намояндагони вазорату идораҳои дахлдори мамлакат иштирок доштанд. Муҳокимаи парламентиро раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Сафаралӣ Раҷабов ифтитоҳ намуда, изҳор дошт, ки мақсади асосии баргузории ҷаласаи имрӯза дар якҷоягӣ бо намояндагони вазорату идораҳои дахлдори кишвар ҳаматарафа муҳокима намудани лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттифоқҳои қарзӣ» мебошад. Зикр гардид, ки лоиҳаи Қонуни номбурда бо мақсади истифодаи самараноки сарчашмаҳои дохилӣ, яъне пасандозҳои мардум дар рушди иқтис... Давомаш »
  Нигох кардаанд: 3 |  Илова: jahonnamo |  Таърихи руз: 21.02.2012 | Шарххо (0)

Дар Раёсати Комиссари Олии Созмони Миллали Муттаҳид дар Тоҷикистон оид ба корҳои фирориён машварат доир гардид. Дар ҷараёни чорабинӣ ҳозирин оид ба масъалаҳои гуногуни марбут ба ҳаёти фирориёне, ки дар Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд, ибрози назар намуданд. Ташаббускорони машварат иброз доштанд, ки барои беҳтар намудани вазъи будубоши фирориёне, ки дар Тоҷикистон мебошанд, барномаҳои хосеро амалӣ мекунанд, то ба суди онҳо ояд. Ҳамзамон ҳозирин оид ба зисту зиндагии фирориён дар кишварҳои Осиёи Миёна, амалӣ кардани барномаҳои байналхалқӣ, таъмини маводи ниёзи аввалия, ҳифзу ҳимояи ҳуқуқи фирориён ва дигар масъалаҳои муҳими соҳа таваҷҷӯҳ зоҳир карданд. Дар ин чорабинӣ таъкид гардид, ки шурӯъ аз соли 1989 дар кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил теъдоди фирориён афзуда, он айни маврид ба 9 миллион нафар расидааст... Давомаш »
  Нигох кардаанд: 2 |  Илова: jahonnamo |  Таърихи руз: 21.02.2012 | Шарххо (0)

Дар натиҷаи боридани барфе, ки давоми рӯзҳои охир дар минтақаҳои кӯҳистон ба қайд гирифа шудааст, барои ронандагону мусорфирон як қатор мушкилиро пеш овардааст. Бо сабаби хамидани тарма дар минтақаҳои гуногуни роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ роҳхо баста гардида, ҳаракат муваққатан қатъ карда шудааст. Тавре, ки аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мо хабар доданд, 200 нафар мусофирон дар мавзеи Майхура ва дигар минтақаҳои тармафаромада дармондаанд. Шумораи автомашинаҳои дар миёни тармаҳо дармонда беш аз 80 адад арзёбӣ мешавад, ки 13-тои он автомашинаи сабукрав буда, боқимонда 70 адади дигараш автомашинаҳои борбардор мебошанд. Корҳои наҷотдиҳӣ аз ду қисмати роҳ идома дошта, барои нафарони дармонда маводи ғизоӣ ва дигар лавозимоти тиббӣ расонида мешавад. Кумитаи ҳолатҳои фав... Давомаш »
  Нигох кардаанд: 2 |  Илова: jahonnamo |  Таърихи руз: 21.02.2012 | Шарххо (0)

Карнавали машҳури зимистона дар якчанд давлатҳои Аврупо оғоз ёфт. Ин чорабинӣ соли ҷорӣ дар Олмон бо сохтану мавриди тамошо қарор додани пайкараҳои махсуси сиёсатмадорон таваҷҷӯҳи сокинону сайёҳонро ба худ ҷалб намуд. Дар байни ҳайкалҳо муҷассамаи Президенти Франсия Николя Саркози, Канслери Олмон Ангела Меркел, Президенти Амрико Барак Обама ва собиқ Президенти Олмон Кристиан Вулф низ мебошанд. Ҳар як ҳайкал рамзи худро дорад. Нишастани Николя Саркози бо Ангела Меркел аз вазъияти душвори бӯҳрони молӣ дарак медиҳад. Дар кунҷи майдони бокс нишастани Кристиан Вулф мағлубияти ӯро ифода мекунанд. Тавре хабар дода мешавад, пайкараи Президенти Амрико Барак Обама бошад, ишора ба қумандони Амрико будани ӯ мебошад. Дар Фаронса, Хорватия ва Швейтсария низ карнавали анъанавӣ бо шукӯҳу шаҳомат баргузор гардид. Дар Литва бошад, новоб... Давомаш »
  Нигох кардаанд: 2 |  Илова: jahonnamo |  Таърихи руз: 21.02.2012 | Шарххо (0)

Ҳукуматдорони Сербия хисороти вориднамудаи офатҳои табииро муайян мекунанд. Ёдовар мешавем, ки чанд рӯз қабл бориши барфи зиёд ва сардии ҳаво боиси ях бастани рӯди Дунай гардида буд. Акнун обшавии ях ҳукуматдоронро нигарон кардааст. Зеро баробари обшавии ях сатҳи оби рӯд баланд шуда, хатари ҷиддиро ба миён меорад. Аз тарафи дигар дар пайи он даҳҳо киштӣ ва қаиқҳои махсус хароб гардиданд. Ҳамчунин гуфта мешавад, ки дар натиҷаи ҳодиса яке аз ошхонаҳои машҳури шинокунандаи Белград вайрону валангор шудааст. Аз рӯи тахминҳои коршиносон зарари воридкардаи офат 100 ҳазор долларро ташкил медиҳад.
  Нигох кардаанд: 1 |  Илова: jahonnamo |  Таърихи руз: 21.02.2012 | Шарххо (0)

Собиқ роҳбари Хазинаи байналмилалии асъор Доминик Стросс-Каннро боз барои бозпурсӣ ба додгоҳ хонданд. Ин навбат ӯро на дар пайи даст доштан дар амалҳои шаҳвонӣ, балки барои ба таври махфӣ таъсис додани марказҳои дилхушӣ мавриди пурсиш қарор медиҳанд. Тибқи маълумоти расида, гӯё Стросс-Канн марказҳои махсуси дилхушии амалҳои шаҳвонӣ ба таркиб доштанд, таъсис дода, ҷавондухтаронро ҷалб намудааст. Гуфта мешавад, ки дар ин амал ӯ нақши асосии таъминкунандаи духтаронро барои сарватмандону тоҷирон иҷро мекардааст. Тавре гуфта мешавад, марказҳои дилхушии ӯ дар шаҳрҳои Париж, Мадрид, Вена ва Вашингтон фаъол будаанд. Худи Стросс-Канн ҳамаи ин айбномаҳоро дурӯғи маҳз хонда, афзуд, ки онҳо ҳадафу хислати сиёсӣ доранд.
  Нигох кардаанд: 1 |  Илова: jahonnamo |  Таърихи руз: 21.02.2012 | Шарххо (0)

Дар Шарқи дур бориши барф ва шамоли сахт идома дорад. Аз офати табиӣ бештар шаҳрвандони Сахалин азият мекашанд. Маркази ин вилоят пурра зери барф монда, бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ мушкил мегардад. Гуфта мешавад, ки бар асари ҳодиса ҳаракат дар роҳ мушкил шудааст. Аз сабаби бориши барфи зиёд ва шамоли сахт фурӯдгоҳи маҳаллӣ муваққатан аз фаъолият бозмондааст. Ҳавопаймоҳоеро, ки мебоист дар Сахалин фурӯд меомаданд, ба Хабаровск равона мекунанд. То ин дам фаъолияти 12 хатсайр манъ гардидааст. Суръати шамол дар 1 сония 30 метрро ташкил медиҳад.
  Нигох кардаанд: 1 |  Илова: jahonnamo |  Таърихи руз: 21.02.2012 | Шарххо (0)

Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тамоми ронандагони воситаҳои нақлиёт ва дигар шаҳрвандон хоҳиш менамояд, ки бо сабаби номусоидии ваъзи ҳаво ва хатари лағжиши тарма дар минтақаҳои кӯҳии роҳҳои автомобилгарди Душанбе-Хуҷанд, Душанбе- Хоруғ, Душанбе-Ҷиргатол-Саритош ва дигар роҳҳо эҳтиёткор бошанд ва бехатарии ҳаракатро таъмин намоянд. Ҳамчунин бе зарурат дар чунин вазъи ҳаво ба ин минтақаҳо аз сафар худдорӣ кунанд.
  Нигох кардаанд: 6 |  Илова: jahonnamo |  Таърихи руз: 20.02.2012 | Шарххо (0)

Дар шаҳри Қарочии Покистон таркиши сахт боиси марги 6 нафар ва захмӣ шудани 3 каси дигар гардид. Дар ин ҷо террористон автомашинаро тарконданд. Ҳалокшудагон ҳама низомиён мебошанд. Дар минтақаи Хайбар бошад, миёни силоҳбадастони номаълум ва нерӯҳои амниятӣ задухӯрд ба амал омад, ки дар натиҷа чанд сарбози покистонӣ захмӣ шуданд. Ёдрас мекунем, ки минтақаи Хайбар дар марзи Покистону Афғонистон ҷойгир аст.
  Нигох кардаанд: 2 |  Илова: jahonnamo |  Таърихи руз: 20.02.2012 | Шарххо (0)

« 1 2 3 4 ... 168 169 »
Забон
Чустучу
Таквим
«  Феврал 2012  »
ДшСшЧрПнЧмШнЯш
  12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
272829
Погода в Таджикистане Поиск города
bloguez.com
Погода в столицах мира Курс валют
Конвертор валют. Информер

Copyright Ч,умабой © 2012
Бесплатный хостинг uCoz