Архиви хабаро - Муассисаи давлатии "Чахоннамо"

........................
Панчшанбе, 23.02.2012, 03:17
| RSS

 

Менюи асоси
Пурсиш
Кадом барномахои ТВ "Чахоннамо"-ро Шумо тамошо мекунед?
Чавоби хамаги: 358
Омор

Онлайн хамаги: 1
Мехмон: 1
Иштироккунанда: 0
Даромад
E-mail:
Парол:
Хабархо
Асоси » Архиви хабаро
Дар вилояти Тахори Ҷумҳурии Исломии Афғонистон зимни як амалиёти муштарак 9 тан аз мухолифони мусаллаҳи давлат ҳалок ва 6 каси дигар захмӣ шуданд. Аз ҳалокшудагон як миқдор лавозимоти вазнини ҷангӣ дарёфт ва мусодира карда шуд. Мақомоти қудратӣ тавонистанд ин минтақаро аз зери дасти силоҳбадастон озод намоянд. Айни ҳол сокинони минтақа дар фазои орому осуда кору фаъолият доранд.
  Нигох кардаанд: 76 |  Илова: jahonnamo |  Таърихи руз: 19.10.2010 | Шарххо (0)

Дар шоҳроҳи автомобилгарди Ислом Қалъаи вилояти Ҳироти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон таркиш ба амал омад.Дар натиҷаи ин ҳодиса 4 нафар ба ҳалокат расида, 8 каси дигар захмӣ шуд, ки ҳамаи онҳо сокинони осоишта мебошанд.Ҷавобгарии амали террористиро то ҳол касе ба ӯҳда нагирифтааст.Гуфта мешавад, ки маводи тарканда тавассути дастгоҳи идоракунандаи фосилавӣ ба кор дароварда шудааст.Дар ҳамин ҳол хабар дода мешавад, ки чанд тан аз кормандони яке аз ширкатҳои хориҷӣ, ки чанде қабл аз ҷониби силоҳбадастон рабуда шуда буданд, озод карда шудаанд.
  Нигох кардаанд: 79 |  Илова: jahonnamo |  Таърихи руз: 18.10.2010 | Шарххо (0)

Ба минтақаҳои наздисоҳилии Филиппин туфони баҳрии Маггӣ зарба зад.Суръати тӯфон дар баъзе ҷойҳо ба 260 километр расид.Дар баъзе ҷойҳо туфон боиси фаромадани ярч низ гардид.Айни ҳол дар бораи талафоти ҷонӣ маълумот дода намешавад.Туфони мазкур ба самти шимолии ин мамлакат ҳаракат дорад.Бо мақсади таъмини бехатарӣ парвози ҳавопаймохо муваққатан қатъ гардида, дар аксар музофотҳо фаъолияти мактабҳо боздошта шудааст. 
  Нигох кардаанд: 70 |  Илова: jahonnamo |  Таърихи руз: 18.10.2010 | Шарххо (0)

Имрӯзҳо чанд нафар кормандони Федератсияи байналмилалии Футбол ФИФА аз сабаби дар ришваситонӣ гумонбар шудан мавриди тавааҷҷӯҳӣ ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор доранд.Зеро қазияи мазкур чанд ҳафта боз идома дошта то ҳол ҳалли худро наёфтааст.Тавре маълум гашт ду нафар намояндагони воломақоми ФИФА барои гузаронидани чемпионати ҷаҳон оид ба футбол дар соли 2018-ум дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико розӣ шуданд, ки овози худро фурӯшанд.Инҳо роҳбарони федератсияи футболи Океания ва Африқои Ғарбӣ мебошанд. Онҳо нақша доштанд овозҳои худро ба маблағи 3 миллион доллар фурӯхта ришва ситонанд.Ин амали ришвахӯрии онҳоро ду нафар рӯзноманигори «Сонди Теймс»-и Британияи Кабир ки худро ҳамчун ҷонибдорони Иёлоти Муттаҳидаи Амрико муаррифӣ карданд, ошкор намуданд.Президенти ФИФА Ҷозеф Блоттер иброз нмуд, ки ин ФИФА таъсири бади худро хоҳад расонд. Бояд гуфт, ки барои гузаронидани чемпионати ҷаҳон оид ба футбол дар соли 2018 якчанд давлати ҷаҳон мубориза мебарад.... Давомаш »
  Нигох кардаанд: 63 |  Илова: jahonnamo |  Таърихи руз: 18.10.2010 | Шарххо (0)

Дар шаҳри Сеули Кореяи Ҷанубӣ конфронси байналмилалӣ оид ба бехатарии минтақа ба кори худ шурӯъ кард.Дар ин музокирот намояндагон аз давлатҳои Хитой, Амрико ва Япония ширкат доранд. Кореяи Шимолӣ барои дубора ба роҳ мондани алоқа миёни низомиёни ду кишвар розигӣ дод.Чанде пеш Сеул ба Пхен-ян кӯмаки навбатии озуқаворӣ расонид.Дар натиҷа ҳарду ҷониб ба мувофиқа расиданд, ки хешовандони ҷудошудаи ҳарду мамлакатро боз пайванд месозанд.Вале ҷониби Кореяи Шимолӣ аз ширкат дар конфронси байналмилали бехатарии минтақа даст кашид.
  Нигох кардаанд: 72 |  Илова: jahonnamo |  Таърихи руз: 18.10.2010 | Шарххо (0)

Дар Франсия корпартоӣ ва намоишҳои эътирозии шаҳрвандон ниҳоят ба задухӯрд бо кормандони полис анҷом ёфт. Иштирокчиёни намоишҳои эътирозӣ аз қарори ҳукуматдорон оид аз синни 60 сола то ба 62 сол дароз кардани сину соли ашхосе, ки ба нафақа мебароянд, норозигӣ баён карда, талаб доранд, ки қарори мазкур бекор карда шавад. Иштирокчиёни намоишҳо ҷониби кормандони полис сангпора ҳаво доданд, ки дар натиҷа онҳо аз газҳои мадҳушкунанда истифода бурданд. Намоишҳои эътирозӣ дар шаҳри дигари Франсия - Марсел низ доир гаштанд.
  Нигох кардаанд: 103 |  Илова: jahonnamo |  Таърихи руз: 16.10.2010 | Шарххо (0)

Вазири корҳои хориҷии Эрон Манучеҳр Муттакӣ гуфтааст, ки Теҳрон омодааст бо ҷомеаи ҷаҳонӣ дар мавриди барномаи ҳастаии ин кишвар то чанд ҳафтаи дигар гуфтугӯ намояд. Муттакӣ рӯзи ҷумъа ба хабанигорон гуфт, ки моҳи октябр ва ноябр беҳтарин фурсат барои оғози музокирот бо гурӯҳи 5+1 мебошад. Номбурда аз ягон таърихи мушаххас ном набурдааст. Ин ҳама дар ҳолест, ки Катерина Эштон, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо рӯзи панҷшанбе ба Эрон пешниҳод намуд, ки то миёнаҳои моҳи ноябр дар музокироти ҳастаии серӯза бо гурӯҳи 5+1 дар Юнон иштирок намояд. 
  Нигох кардаанд: 84 |  Илова: jahonnamo |  Таърихи руз: 16.10.2010 | Шарххо (0)

Вазирони корҳои хориҷӣ ва мақомоти расмии 26 давлат бо иштироки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Ҷумҳурии Исломии Эрон ба манзури баррасии мушкилот ва ё дарёфти роҳҳои кӯмак ба зарардидагони Покистон, инчунин фақру хушунат дар ин кишвар дар Брюссел гуфтугӯ карданд. Вазири корҳои хориҷии Покистон Шоҳмаҳмуд Қурайшӣ ин нишастро хеле муҳим арзёбӣ кардааст. Дар баробари ин Катерина Эштон, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо гуфтааст, ки ин нишаст заминаеро фароҳам хоҳад намуд, то ба мардуми Покистон кӯмаки бештар расонда шавад. 
  Нигох кардаанд: 78 |  Илова: jahonnamo |  Таърихи руз: 16.10.2010 | Шарххо (0)

Пармакории дарозтарин нақби ҷаҳон ба охир расид. Муҳандисони Швейтсария пармакории Готтҳард-дарозтарин нақб дар ҷаҳонро ба охир расонданд. Нақби мазкур 57 километр дошта, аз зери кӯҳҳои Алп мегузарад ва роҳро миёни Аврупои Шимоливу Ҷанубӣ хеле кӯтоҳтар месозад. Қарор аст, ки ин нақб соли 2017 ба истифода дода шавад. Коршиносон мегӯянд, ки бо оғози истифода аз ин нақб олудагии ҳаво аз дуди мошинҳо низ камтар мешавад. Ин нақб 7 миллиард доллар арзиш дошта, сохтмони он 15 сол пеш шурӯъ шуда буд. Дар баъзе ҷойҳо чуқурии нақб аз сатҳи замин 2 ҳазор метрро ташкил медиҳад
  Нигох кардаанд: 93 |  Илова: jahonnamo |  Таърихи руз: 16.10.2010 | Шарххо (0)

Дар Маскав Президенти Россия Дмитрий Медведев ва Президенти Венесуэла Уго Чавес дар бораи бунёди нахустин нерӯгоҳи ҳастаӣ дар Венесуэла қарордод имзо карданд. Ин қарордод баъд аз мулоқоти сарони ҳарду давлат - Россия ва Венесуэла имзо шуд. Арзиши ин қарордод эълон нашудааст. Дмитрий Медведев гуфт, ин қарордод ба Венесуэла кӯмак мекунад, ки сарчашмаҳои нави энергияро равнақ диҳад. Уго Чавес изҳор дошт, ки мехоҳад пойбандии кишвараш ба манбаъҳои нафту газро камтар намояд. 
  Нигох кардаанд: 99 |  Илова: jahonnamo |  Таърихи руз: 16.10.2010 | Шарххо (0)

« 1 2 ... 147 148 149 150 151 ... 168 169 »
Забон
Чустучу
Таквим
«  Феврал 2012  »
ДшСшЧрПнЧмШнЯш
  12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
272829
Погода в Таджикистане Поиск города
bloguez.com
Погода в столицах мира Курс валют
Конвертор валют. Информер

Copyright Ч,умабой © 2012
Бесплатный хостинг uCoz