20:22, 21 Сентябри 2018
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Сентябр 2018 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 22 23
24 25 26 27 28 29 30

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Наҷоти муҳоҷирон дар обҳои Либия

Неруҳои ҳарбӣ-баҳрии Либия дар обҳои қисми ғарбии мамлакат зиёда аз 190 муҳоҷири ғайриқонуниро аз ғарқшавӣ наҷот доданд.

Нозирони наздисоҳилии Либия шаби гузашта дар 10 километрии қисми шимолии шаҳри Зувар ду қайиқи ҳомили муҳоҷиронро кофтукоб намуданд. Аммо зимни корҳои ҷустуҷӯӣ ҷасади 5 муҳоҷир аз об дарёфт ва берун карда шуд. Бояд қайд намуд, ки сокинони кишварҳои африқоӣ дар робита ба ноором будани кишварҳояшон пайваста бо қаиқҳои резинии фарсуда, тариқи Баҳри Миёназамин кӯшиш менамоянд, ки ба кишварҳои Аврупо ғайриқонунӣ ворид шаванд. Мутаасифона на ҳамаи онҳо дар чунин сафарҳои баҳрӣ ҷон ба саломат мебаранд