07:33, 14 Декабри 2017
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Декабр 2017 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Италия: наҷоти 500 фирорӣ дар баҳри Миёназамин

Нозирони наздисоҳили Италия дар баҳри Миёназамин 500 нафар

муҳоҷирро аз ғарқшавӣ наҷот доданд. Тибқи иттилои расонаҳои хабарӣ муҳоҷирони наҷотёфта, ба наздиктарин бандари Италия таҳвил дода хоҳанд шуд. Тавре нозирони наздисоҳилӣ иттилоъ доданд, муҳоҷирон кӯшиш доштанд, ки тариқи қайиқҳои худсохту заифи резинӣ вориди Аврупо шаванд. Қайиқҳои ҳомили муҳоҷирон 24 километр дуртар аз бандари шаҳри Ал-Ҳумса дучори фалокат гардид. Новобаста аз тадбирҳои андешидаи ҳукуматдорони Италия кӯшиши муҳоҷирони иҷборӣ барои ворид шудан ба Аврупо бештар мегардад.