06:50, 26 Июни 2017
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Июн 2017 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30    

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Нозирони наздисоҳилии Италия 4 ҳазор муҳоҷирро аз ғарқшавӣ наҷот доданд

Вазъият дар роҳи баҳри Миёназамин вобаста ба идомаи муҳоҷирати

сокинони кишварҳои ҷангзада ба Аврупо шадидтар мегардад. Нозирони наздисоҳилии Италия боз дар дар ин масир 4 ҳазору 500 нафарро, ки бо истифода аз каиқҳои хурду сохташон заиф ба об баромада буданд аз ғарқшавӣ наҷот доданд. Муҳоҷирони наҷотёфта нақшаи расидан ба чазираи Ситсилияи Италияро доштанд. Имрӯзҳо муҳоҷирон аз ҳавои мусоид истифода намуда, ҷониби кишварҳои Аврупо роҳ пеш мегиранд. Ҳангоми амалиёти наҷотдиҳӣ аз як қаиқи мусофирбар часади 7 нафар дарёфт карда шуд. Тибқи иттилои шоҳидони ҳодиса чанд рӯзи ахир дар обҳои баҳри Миёназамин зиёда аз 20 муҳоҷир ҷон бохтанд.