02:29, 18 Августи 2017
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Август 2017 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31      

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Хабари мухим:

Дар соҳилҳои Либия киштии муҳоҷирон ғарқ шуд

Дар соҳилҳои Либия киштии ҳомили муҳоҷирон дучори фалокат шуд.

Дар пайи ғарқшавии киштӣ 97 паноҳанда ҳалок гардид. Миёни қурбониёни ин фоҷиа занону кӯдакон ҳастанд. Ба иттилои муҳофизони наздисоҳилии Либия фалокати киштӣ ба бедарак шудани чанд муҳоҷири дигар сабаб шуд. Дар ҷараёни ҷустуҷӯ 1 мусофир аз ғарқшавӣ наҷот дода шуд. Маврид ба зикр аст, ки аксари паноҳандагони кишварҳои Африқо ва Шарқи Наздик тариқи соҳилҳои Либия баҳри Миёназаминро убур намуда, ба Аврупо роҳ меёбанд. Тибқи маълумоти Созмони байналмилалии муҳоҷират шурӯъ аз соли ҷорӣ дар обҳои Либия 590 паноҳанда ба ҳалокат расидаанд.