06:53, 26 Июни 2017
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Июн 2017 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30    

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

СММ: муҳоҷирони Африқо ба дасти ғуломфурӯшон меафтанд

Теъдоди зиёди муҳоҷирони Африқо ба дасти ғуломфурӯшон меафтанд.

Бо чунин изҳорот намояндагони Созмони Милали Муттаҳид баромад карданд. Бино ба иттилои коршиносони ин созмони ҷаҳонӣ фирориён бештар дар Либия бо чунин ҳолат рӯ ба рӯ мешаванд. Паноҳҷӯён бо мақсади сафар ба Аврупо вориди Либия мегарданд. Аммо вазъи сиёсӣ дар ин кишвар чандон хуб нест. Аз ин рӯ, дар ин кишвар чанд маркази ғуломфурӯшӣ амал мекунад. Пас аз тағйир ёфтани ҳукумат дар соли 2011 Либия ба яке аз кишварҳои асосии гузарои муҳоҷирон ба Аврупо тадбил ёфт. Роҳбари ҳукумати Ваҳдати миллии Либия кишварҳои Аврупоро дар хусуси кумак накардан барои мубориза бо муҳоҷират мавриди танқид қарор дод.