02:29, 18 Августи 2017
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Август 2017 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31      

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Хабари мухим:

Бошишгоҳи муҳоҷирон оташ зада шуд

Дар Лубнон бошандагони бошишгоҳи Айн ал-Хилва даст ба бетартибӣ заданд.

Бар асари ҳодиса 8 нафар ҷон бохта, даҳҳо тани дигар захмӣ гардид. Бошишгоҳи Айн ал-Хилва соли 1948-уми қарни гузашта аз ҷониби ташкилоти Салиби Сурх таъсис ёфта, дар он аслан фирориён аз Фаластин нигоҳ дошта мешаванд. Айни ҳол дар бошишгоҳи мазкур наздики 100 ҳазор фирорӣ бо шумули гурезагони Сурия қарор доранд. Тибқи иттилои ҳукуматдорони маҳаллӣ як гурӯҳ ҷудоихоҳон нақшаи зери назорат гирифтани бошишгоҳро намуданд, ки дар натиҷа миёни онҳо ва кормандони мақомоти полис задухӯрд сар зад. Дар натиҷаи андешидани чораҳои бехатарӣ ҳаракат тариқи чанд роҳи автомобилгарди наздикии бошишгоҳ ва фаъолияти чанд муассисаи таълимии шаҳри Сидон муваққатан қатъ карда шуд.