16:50, 04 Июни 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Июн 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

10 000 муҳоҷир ба ватанҳои худ бармегарданд

Соли равон наздики 10 ҳазор муҳоҷир аз Либия

ба ватанҳои худ бармегарданд. Новобаста аз ин сатҳи ҳиҷрати паноҳҷӯён ба Аврупо коҳиш намеёбад. Дар ин бора роҳбари барномаи Созмони байналмилалӣ оид ба масъалаҳои муҳоҷират дар Либия - Усмон Билбис иттилоъ дод. Номбурда изҳор дошт, ки ихтиёран баргардонидани гурезагон ба кишварҳои худ ягона барномаи натиҷаовари Иттиҳоди Аврупо дар самти рафъи масъалаи буҳрони муҳоҷират мебошад. Чандест, ки Либияро ҷанги шаҳрвандӣ фаро гирифта, фирориён дар ин кишвар дар ҳолати ногувор ҳаёт ба сар мебаранд. Паноҳҷӯён аз Либия кӯшиш мекунанд, ки бо истифода аз қаиқҳои резиниву фарсуда баҳри Миёназаминро убур карда, вориди қаламрави Аврупо гарданд. Соли 2016-ум Созмони байналмилалии муҳоҷират 2700 гурезаро ихтиёран ба кишварҳои худ баргардонид. Муҳоҷирон аз Либия асосан ба Африқои Ғарбӣ аз ҷумла Нигерия, Сенегал ва Мали баргардонида шудаанд.