12:22, 06 Августи 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Август 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31            

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Италия аз ҳуқуқҳои муҳоҷирони ноболиғ ҳимоят кард

Палатаи поёнии парлумони Италия лоиҳаи қонунро

«Дар бораи ҳимояи ҳуқуқҳои муҳоҷирони ноболиғ», ки ба кишвар бидуни роҳбаладии волидайн ворид мегарданд, ҷонибдорӣ намуд. Соли ҷорӣ тариқи роҳҳои баҳрӣ 3 ҳазор ноболиғ ба Италия расиданд. Дар мачмуъ аз оғози буҳрони муҳоҷират бо роҳу воситаҳои гуногун 25 ҳазор муҳоҷири ноболиғ бероҳбаладии волидайн ва ё калонсолон ба қаламрави Италия ворид шудаанд. Лоиҳаи қонуни мазкур ба муҳоҷирони ноболиғ имкон медиҳад, ки кӯдакон аз кумакҳои тиббӣ истифода карда, ҳарчӣ зудтар макони паноҳандагӣ дарёфт намоянд.