15:19, 11 Августи 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Август 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31            

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Дар Либия киштии ҳомили 145 муҳоҷир ғарқ шуд

Дар обҳои наздисоҳилии Либия ҳодисаи ғарқшавии киштии

ҳомили муҳоҷирон ба қайд гирифта шуд. Сафинае, ки дучори фалокат гардид, бо 145 муҳоҷир аз Либия мақсади расидан ба Италияро дошт. Муҳоҷирони ғарқшуда табааи Нигерия, Мали ва Гамбия гуфта мешаванд. Бино ба иттилои комиссари Олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи инсон сафинаи мазкур 3 рӯз қабл аз шаҳри Сабратаи қисми шимолу ғарбии Либия ба роҳ баромада буд. Ба наҷотдиҳандагон муяссар омад, ки як муҳоҷирро аз ғарқшавӣ наҷот диҳанд. Оид ба тақдири 144 муҳоҷири дигар маълумот дода нашудааст. Дар макони ҳодиса амалиёти ҷустуҷӯйӣ-наҷотдиҳӣ идома дорад.