17:15, 11 Декабри 2019
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Декабр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Дар Венгрия лоиҳаи қонуни муҳоҷират дар таҳрири нав қабул гардид

Дар Венгрия лоиҳаи қонуни муҳоҷират дар таҳрири нав қабул гардид.

Минбаъд тамоми фирориёне, ки ғайриқонунӣ вориди ин кишвар мегарданд, дар сарҳад дастгир ва дар ду бошишгоҳи муваққатӣ нигоҳ дошта мешаванд. Ин тадбир ноболиғонро низ дар бар мегирад. Лоиҳаи қонуни нав норозигии созмонҳои ҳифзи ҳуқуқи башар ва Раёсати олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои муҳоҷиратро барангехтааст. Комиссари Аврупо оид ба масоили дохилӣ - Димитрис Аврамопулос изҳор дошт, ки ҳукумати Венгрия барои ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо мутахассисони Иттиҳоди Аврупо ҷиҳати таъмини дурусти паноҳҷӯён бо шароити зист, розигӣ баён кардааст. Венгрия нахустин давлати узви гардиши евро мебошад, ки ба хотири пешгирӣ аз вуруди барзиёди муҳоҷирон дар сарҳад монеагоҳ бунёд мекунад. Новобаста аз фишорҳои барзиёди Брюссел, Будапешт ҳамоно тадбирҳои зиддимуҳоҷиратии худро шадидтар менамояд.