16:59, 11 Декабри 2019
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Декабр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Манъи вуруди шаҳрвандони Тоҷикистон ба ФР бекор карда мешавад

Барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 март то 24 апрели соли 2017

дар тамоми қаламрави Федератсияи Россия дар муҳлати як моҳ барои қонунӣ гардонидани будубош, ба қайд гирифтан дар мақомоти муҳоҷиратии ин кишвар ва тамдид намудани будубошашон имконият дода мешавад. Тавре Иброҳим Аҳмадов, сардори Маркази матбуоти Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷиат ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, дар ин муддат шаҳрвандони Тоҷикистон барои қоидавайронкунии будубош ва фаъолияти меҳнатӣ ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида намешаванд. Инчунин шахсоне, ки дар ҳудуди ин кишвар муҳлати будубошашон гузашта бошад ҳам, метавонанд дар муҳлати як моҳ ба мақомоти дахлдор муроҷиат намоянд ва ба онҳо барои қонунӣ гардонидани будубош корти муҳоҷиратии нав бо нишон додани мақсади вуруд дода мешавад. Агар шаҳрванд ба қоидавайронкунии маъмурӣ, ки сабаби ихроҷ шуданаш гардидааст, роҳ дода бошад, метавонад ба мақомоти муҳоҷиратӣ муроҷиат намояд. Дар ин сурат нисбат ба ӯ чораи маъмурӣ андешида намешавад. Ҳамчунин дар ин муҳлат нисбат ба ягон шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ҳудуди Россия қарор дорад, чораи маъмурӣ оид ба қонунҳои муҳоҷиратӣ татбиқ намегардад. Иброҳим Аҳмадов ҳамчунин зикр кард, ки ҳангоми муроҷиати шаҳрванд ба ӯ корти муҳоҷиратӣ ва қайди муҳоҷиратӣ ба муҳлати 90 рӯз дода мешавад ва ӯ имкон дорад дар ин муддат будубоши худро қонунӣ гардонад. Дар ҳолати гум кардан ва ё надоштани корти муҳоҷиратӣ ба шаҳрванд корти муҳоҷиратии нав бо ҳуқуқи будубошаш дар муҳлати 90 рӯз дода мешавад. Ҳамчунин тамоми қарорҳои Сарраёсат оид ба масъалаҳои муҳоҷирати ВКД ФР (собиқ ХФМ Россия) оид ба манъи вуруд, ки дар асоси моддаи 26. б.4. ва б.8 Қонуни ФР «Дар бораи тартиби вуруд ба ФР ва баромад аз ФР» татбиқ гардида, боиси манъи вуруди шаҳрвандони Тоҷикистон шудааст, бекор карда мешавад. Вуруди шаҳрванди Тоҷикистон, ки қаблан будубошаш дар ҳудуди Россия бо қоидавайронкунии моддаҳои мазкур манъ шудааст, кушода мешавад. Яъне шаҳрвандоне, ки мутобиқи моддаи 26. б.4 дар давоми 3 соли будубоши қаблияшон дар ҳудуди ФР то 3 ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар соҳаи муҳоҷират содир намудаанд ва тибқи ҳамин меъёр вурудашон манъ шудааст ва моддаи 26.б. 8 дар давоми будубоши қаблияш баъди гузашти 30 рӯз аз муддати қайди 90-рӯзаи будубош аз қаламрави ФР набаромадаанд ва бо ин сабаб вурудашон манъ шудааст, баъд аз муроҷиат ба мақомоти муҳоҷиратии ҳудудӣ метавонанд ба ФР ворид шаванд. Ин меъёр нисбат ба шаҳрвандоне, ки бо қарори суд ихроҷ (выдворение) ва депортатсия шудаанд, татбиқ намегардад. Ҳамчунин шаҳрвандоне, ки вурудашон ба ФР бо қоидавайронкуниҳои дигар, аз ҷумла тибқи моддаҳои 18.8 ва 18.10 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ФР ва ё бо сабаби содир намудани ҷиноят манъ шудааст, ба ин категория дохил намешаванд. «Ин иқдом аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми мулоқот бо Президенти Федератсияи Россия В. Путин дар шаҳри Душанбе барои беҳдошти шароити будубоши муҳоҷирони тоҷик андешида шуда, ғамхории Сарвари давлат нисбат ба ҳамватанони мо мебошад,- гуфт Иброҳим Аҳмадов ва афзуд, ки айни замон Намояндагӣ дар ҳамбастагӣ бо Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва консулиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар манотиқи гуногуни Федератсияи Россия бо мақсади татбиқи ин чорабинӣ бо муҳоҷирон вохӯриҳо доир карда, корҳои фаҳмондадиҳиро пурзӯр менамояд. Ҳамватанони мо дар сурати ба мушкилӣ дучор шуданашон дар ин масъала ва ё бо мақсади пайдо намудани маълумоти муфассал метавонанд ба унвони Намояндагӣ бевосита бо телефонҳои зерин муроҷиат намоянд: +7 +7 (495) 967-98-44, +7 (926)255-09-27, +7 (968) 399 0404 ш. Москва +992 (44) 640 19 51, +992 (44) 640 91 99 (NGN — Тоҷикистон)