23:04, 09 Августи 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Август 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31            

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Доналд Трамп хулосаи додгоҳро мавриди танқид қарор дод

Судяи федеролии штати Гавайи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико - Деррик Уотсон

нагузошт, ки фармони нави президент дар хусуси маҳдуд кардани вуруди муҳоҷирон ба ҳукми амал дарояд. Ин тадбир мебоист субҳи панҷшанбе бо вақти маҳаллӣ ҳукми қонунӣ мегирифт. Доналд Трамп хулосаи додгоҳро мавриди танқид қарор дода, изҳор дошт, ки судя аз вазифааш сӯйистифода кардааст. Трамп ваъда додааст, ки барои ба ҳукми амал даромадани ин қарор ба Додгоҳи олӣ шикоят мебарад. Аз рӯйи қарори таҳриршудаи Трамп мебоист барои вуруди шаҳрвандони 6 кишвар ба қаламрави Амрико ба муддати 90 рӯз маҳдудият ҷорӣ мегардид. Ин кишварҳо Яман, Либия, Сомали, Сурия, Эрон ва Судон мебошанд. Дар сурати қабул шудани фармон ҳамчунин барои 120 рӯз барномаи қабули гурезагон манъ карда мешуд. Фармони якумро Доналд Трамп охирҳои моҳи январ имзо намуда буд. Қарори якум ба 7 кишвари олам дахл мекард. Аммо баъдан аз рӯйхати якум Ироқ бардошта шуд. Зеро ба иқрори «Кохи Сафед» ҷониби Бағдод назоратро барои додани раводид ба шаҳрвандонаш пурзӯр намудааст. Оғози моҳи феврал Додгоҳи штати Сиэтл фармони якумро бекор намуд. Баъдан Додгоҳи таҷдиди назари шаҳри Сан-Франсиско қарор дар хусуси бекор кардани ин тадбирро ҷонибдорӣ кард.