22:52, 09 Августи 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Август 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31            

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Нюфаундленд ва Лабрадори Канада дар иҳотаи барфрезиҳои шадид

Наздики 70 ҳазор нафар сокинони музофоти Нюфаундленд ва Лабрадори Канада

дар пайи бориши барфи зиёд ва шамоли сахт аз қувваи барқ маҳрум афтодаанд. Сиклон аз ҷониби уқёнуси Атлантика ба минтақаҳои қисми шарқии ин мамлакат ҳаракат карда, харобиҳои зиёдро дар пай гузошт. Қаблан бо эътино ба бад шудани вазъи ҳаво ҳаракати киштиҳо ва парвози ҳавопаймоҳоро мавқуф гузошта буданд. Айни ҳол чанд музофоти наздисоҳилии Шотландияи Нав, ки самти ҳаракати киштиҳо ба шумор меравад, дар ҳалқаи офати табиӣ қарор доранд. Дар фурудгоҳҳо бошад, парвози ҳавопаймоҳоро аз рӯи чанд хатсайр мавқуф гузоштаанд. Бузургтарин фурудгоҳи байналмилаии шаҳри Сент-Ҷонс пурра аз фаъолият боз мондааст. Бар асари тӯфон ва боридани барфи беист ҳаракат дар роҳҳо ҳам мушкил гардида, дар минтақаҳои наздикӯҳӣ теъдоди зиёди мошинҳои боркаш дармондаанд. Тӯфон дар минтақаҳои наздисоҳилӣ чанд бинои истиқоматиро вайрону валангор намуд. Бино ба иттилои мутахассисони марказҳои обуҳавошиносӣ суръати вазиши шамол дар як сония ба 50 метр мерасад. Чунин вазъи ҳаво то чанд рӯзи дигар боқӣ хоҳад монд.