00:07, 11 Декабри 2019
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Декабр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Вуруди ғайриқонунии муҳоҷирон тавассути сарҳади Мексика ба ИМА 40% коҳиш ёфт

Вуруди ғайриқонунии муҳоҷирон тариқи сарҳадоти Мексика

ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико 40 дарсад, яъне ду баробар коҳиш ёфтааст. Ин ҳолат тайи ду моҳи аввали соли равон ба қайд гирифта шуд. Дар ин маврид вазири амнияти дохилии ин кишвар Ҷон Келли иттилоъ дод. Ба андешаи Келли шумораи боздоштшудагон дар 5 соли ахир дар марзи Амрико бо Мексика моҳи феврал ниҳоят кам нишон дода шуд. Тибқи иттилои Хадамоти сарҳадии Иёлоти Муттаҳида моҳи январи соли равон ҳангоми кӯшиши убури ғайриқонунии марзҳои ҷанубӣ 31 ҳазору 578 нафар ва моҳи феврал бошад, 18 ҳазору 762 кас дастгир гардидааст. Нархи хизматрасонӣ барои ғайриқонунӣ дохил кардани ҳар як нафар аз тариқи сарҳади ҷанубӣ аз Мексика ба ИМА аз 3,5 ҳазор то 8 ҳазор доллар афзуд. Маврид ба зикр аст, ки аз замони ба сари қудрат омадани президент - Доналд Трамп дар Амрико теъдоди ҳиҷраткунандагон аз Мексика ба ин мамлакат камтар гардидааст. Ҷорӣ намудани маҳдудият дар баробари вуруди ғайриқонунии муҳоҷирон дар маъракаҳои пешазинтихоботӣ яке аз ваъдаҳои калидии Доналд Трамп маҳсуб меёфт. Дар ин робита охирҳои моҳи январ Трамп пас аз ишғоли мансаби президентӣ дар бораи бунёди девор дар сарҳад бо Мексика фармон содир кард. Тавре котиби матбуоти Кохи Сафед - Шон Спайсер қайд кард, чунин тадбир барои пешгирӣ аз интиқоли маводи мухаддир, амалҳои ҷиноӣ ва вуруди ғайриқонунии муҳоҷирон аз Мексика ба Амрико замина мебошад.