14:27, 11 Августи 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Август 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31            

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Дар Либия қочоқчиён 22 муҳоҷири африқоиро ба қатл расонданд

Дар Либия қочоқчиён 22 муҳоҷири африқоиро ба қатл расонданд.

Ҳодисаи куштор дар қисми ғарбии мамлакат дар ҳоле сурат гирифт, ки муҳоҷирон аз савор шудан ба киштӣ даст кашиданд. Гуфта мешавад, ки саркашии муҳоҷирон ба номусоид шудани вазъи обу ҳаво нисбат дода мешавад. Дар ин маврид Агентии «Франс Пресс» дар такя ба сарчашмаи марбут ба хадамоти бехатарӣ маълумот додааст. Ба иттилои манбаъ муҳоҷирон бояд тавассути киштие, ки дар регзори соҳили шаҳри Сабрата, 70 километр дуртар аз пойтахти Либия - шаҳри Триполи қарор дошт, ба самти Аврупо ҳиҷрат менамуданд. Ба иттилои сарчашмаи дигар тирпарронӣ миёни қочоқбарон ба марги муҳоҷирон боис гардидааст. Тибқи омор соли 2017-ум 521 муҳоҷир ҳангоми кӯшиши убури баҳри Миёназамин ҳалок шудаанд. Соли 2016-ум 382 ҳазор нафар ғайриқонунӣ аз кишварҳои Шарқи Наздик, Осиё ва Африқо вориди Аврупо гардидааст.