22:31, 09 Августи 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Август 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31            

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Конфронс таҳти унвони «Мардуми ҷаҳон бидуни девор» моҳи июн доир мешавад

Президенти Венесуэла Николас Мадуро изҳор дошт, ки соли равон

конфронси «Мардуми ҷаҳон бидуни девор» моҳи июн дар Боливия баргузор мегардад. Дар ин робита роҳбари Венесуэла ҳамчунин иброз намуд, ки қарор аст барои расондани кумак ба муҳоҷирони қонунии кишварҳои Амрикои Лотинӣ, ки мехоҳанд ба ИМА раванд, фонди махсус таъсис дода шавад. Саммити кишварҳои Амрикои Лотинӣ ба хотираи президенти собиқи Венесуэла Уго Чавес бахшида мешавад. Уго Чавес 5 марти соли 2013 дар пайи бемории саратони майнаи сар фавтида буд. Як қатор кишварҳои Амрикои Лотинӣ дар соли 2004-ум созмони «АЛБА»-ро таъсис дода буданд, ки дар бунёди он Уго Чавес ва Фидел Кастро саҳм доранд. Мақсад аз таъсиси он ташкили минтақаи озоди иқтисодӣ миёни ин кишварҳо мебошад. Дар ҳайати созмони АЛБА кишварҳои Боливия, Венесуэла, Куба, Эквадор, Никарагуа, Доминикан, Антигуа ва Бардбода, Сент Винсент ва Гренада, Сент Люсия, Гренада ва Сент Китс ва Невис шомиланд.