17:30, 11 Декабри 2019
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Декабр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Мири шаҳр фармон дод, ки ба гурезагон ғизо дода нашавад

Мири шаҳри Калеи Франсия бо мақсади пурра аз байн бурдани бошишгоҳи муҳоҷирон

фармон додааст, ки ба гурезагон ғизо дода нашавад. Тахрибнамоии бошишгоҳи шаҳри Кале, ки бо номи «ҷангал» маъруф аст, соли гузашта оғоз гардида буд. Вале то ҳанӯз дар ин минтақа муҳоҷирон дида мешаванд. Созмонҳои хайриявӣ муҳоҷиронро бо маводи ғизоӣ ва сару либос таъмин мекунанд. Кормандони мақомоти полис дар минтақаи тахрибшуда фаъолият бурда, ба хизматрасонии кормандони созмонҳои хайриявӣ монеъ мегарданд. Дар ҳамин ҳол Ҳукуматдорони Венгрия бо мақсади роҳ наёфтани муҳоҷирон ба қаламрави мамлакат сохтмони хати дуюми монеагоҳро дар сарҳад бо Сербия оғоз карданд. Девори нав 175 километр дарозӣ дошта, бунёди он то моҳи май идома меёбад. Ҳукуматдорони ин кишвар бунёди девори якумро бенатиҷа арзёбӣ намуда, барои мустаҳкам кардани сарҳад беш аз 123 миллион доллар ҷудо намуданд. Ҷониби Будапешт аз оғози буҳрони муҳоҷират зидди вуруди гурезагон баромад карда, тасмим гирифтааст, ки дар сарҳад бо Сербия бунёди деворро оғоз намояд. Маҳз тариқи ин кишвар муҳоҷирону фирориён вориди кишварҳои Аврупо мегарданд.