22:14, 09 Августи 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Август 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31            

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Барои бунёди девор дар марзи ИМА бо Мексика $21,6 млрд лозим аст

Дар сохтмони девори марзи ИМА ва Мексика 225 корхонаи хурду бузург

хоҳиши ширкат карданро доранд. Намояндагони Хадамоти сарҳадӣ ва гумруки вазорати амнияти миллӣ дар яке аз сомонаҳои расмӣ шартҳои иштирок дар лоиҳаро интишор намуданд. Гуфта мешавад, ки ҳамаи ширкатҳои манфиатдор бояд то 10-уми март ариза ва лоиҳаҳои ҷадид пешниҳод намоянд. Миёни коргоҳҳои бақайдгирифташуда ширкатҳои бонуфузи «Каддел» ва «Рейтон» низ мебошанд, ки аллакай бо ҳукуматдорон дар доираи барномаҳои мудофиа ҳамкорӣ мекунанд. Ҳамчунин дар сохтмони девор намояндагони як қатор корхонаҳои хурд мақсад доранд ширкат намоянд, ки аз ин шумора роҳбари 20 коргоҳи қайдгардида ба шаҳрвандони Амрикои Лотинӣ тааллуқ доранд. Роҳбари ширкати «Симекс»-и Мексика иброз дошт, ки омода аст бинокоронро бо семент таъмин намояд. Ширкати «Симекс» дар ҷаҳон аз ҷиҳати истеҳсоли семент мақоми худро дорад. Қаблан президенти ИМА Доналд Трамп иброз намуда буд, ки сохтмони деворро дар сарҳад бо Мексика пеш аз муҳлат оғоз мекунад. Ба иқрори президент барои сохтмони девор бояд Мексика маблағгузорӣ кунад. Ҳукуматдорони Мексика иброз медоранд, ки ба ин қарори президенти ИМА розӣ нестанд. Барои сохтмони девор аллакай 20 миллион доллар ҷудо гардидааст, ки ин маблағ барои татбиқи лоиҳа нокифоя аст. Тибқи маълумот арзиши умумии сохтмони девор дар марзи ИМА ва Мексика 21,6 миллиард долларро ташкил медиҳад.