14:16, 19 Ноябри 2018
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Ноябр 2018 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30    

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

СММ Иттиҳоди Аврупоро барои қабули муҳоҷирон интиқод кард

Комиссари Олии СММ оид ба масъалаи муҳоҷирон Иттиҳоди Аврупоро

барои шарту шароити қабули муҳоҷирон мавриди интиқод қарор дод. Ба иқрори намояндаи ин созмон ҳамарӯза ба унвонии онҳо аз ҷониби муҳоҷирону фирориёни кишварҳои ноором номаҳои шикоятӣ ворид мегарданд, ки дар ин мактубҳо гурезагон аз вазъи будубоши худ дар сарҳади баъзе кишварҳои аврупоӣ изҳори норозигӣ менамоянд. Онҳо дар сарҳад мавриди зӯроварӣ ва шиканҷа қарор мегиранд. Ин дар ҳолест, ки меъёрҳои ҳуқуқии Аврупо ва байналмилаллӣ бадарғаи дастаҷамъонаи муҳоҷиронро мамнуъ медонад. СММ ба муҳоҷирони мавриди зӯроварию фишор қароргирифта изҳори тасаллият кард. Вобаста ба пурзӯр гардидани назорат дар сарҳади кишварҳои гуногуни узви Иттиҳод бештари муҳоҷирон дар Италия дармонданд. Ба иттилои СММ соли сипаришуда, 5 ҳазору 96 нафар бо мақсади расидан ба Иттиҳоди Аврупо ва дарёфти зиндагии беҳтар ҷон бохтаанд.