21:34, 09 Августи 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Август 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31            

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Ҷастин Трюдо: аз қабули муҳоҷирон даст намешкашем!

Ҷастин Трюдо сарвазири Канада зимни суханрониаш дар парлумон гуфт, ки

кишвараш ҳеҷ гоҳ аз қабули муҳоҷирони ғайриқонунӣ, ки аз марзи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба Канада ворид мешаванд, даст намекашад. Сабаб дар он аст, ки Канада кишвари озод ва дарҳояш боз, боқӣ хоҳад монд. Муҳимаш он аст, ки шаҳрвандони Канада ба системаи идораи муҳоҷирон, бовар дошта, кумаки худро мерасонанд. Мо ба одамони муҳтоҷ ва онҳое ки дар талоши дарёфти макони амн мебошанд, новобаста аз дину оинашон ҳамеша дасти ёрӣ дароз хоҳем кард. Таъкид мешавад, ки баъди мавриди амал қарор гирифтани қарори президенти Амрико оид ба манъи ворид шудани муҳоҷирон, ба ин кишвар ҳиҷрати одамон ба самти Канада афзоиш ёфт. Аз аввали соли ҷорӣ дар марз миёни Иёлоти Муттахида ва Канада 452 нафар аз ҳукумати Канада дархости ба даст овардани мақоми паноҳҷӯйӣ кардаанд. Ин нишондод дар ҳамин давраи соли гузашта ба 137 нафар баробар буд. Чанде пеш ҳукуматдорони Канада иброз доштанд, ки то охири соли ҷорӣ ҳазору дусад нафар хонаводаҳои Язидиҳо, ки дар Ироқ мавриди азобу шиканҷаи ифротиён қарор гирифтаанд, дар ҳудуди Канада ҷойгир карда мешаванд.