16:39, 11 Декабри 2019
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Декабр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Муҳоҷирон аз Судони Ҷанубӣ вориди Уганда шуданд

Муҳоҷирони зиёд аз Судони Ҷанубӣ вориди Уганда шуданд.

Дар Судони Ҷанубӣ беш аз се сол аст, ки ҷанги шаҳрвандӣ идома дорад. Ин кишвар дар ҳолати буҳрони гуманитарӣ қарор гирифтааст. Вазъият дар Уганда, ки кишвари қабулкунандаи фирориён аст, аз ин ҳам вазнинтар мебошад. Сатҳи бекорӣ ва норасоии маводи озуқа ин кишварро фаро гирифта, ҷомеаи байналмилалӣ ба ин мушкилӣ чандон таваҷҷуҳ зоҳир намекунад. Ҳамарӯза даҳҳо нафар қурбон гардида, садҳо каси дигар тарки манзил менамоянд. Тибқи маълумоти Созмони Милали Муттаҳид давоми солҳое, ки дар Судони Ҷанубӣ ҷанги шаҳрвандӣ идома дорад, беш аз якуним миллион нафар фирорӣ шудааст. Ин яке аз бузургтарин раванди ҳиҷрати одамон дар қитъаи Африқо буда, пас аз Афғонистон ва Сурия сеюмин ҳолат маҳсуб меёбад. Судони Ҷанубӣ кишвари тозатаъсис буда, соли 2011-ум мустақилият ба даст овардааст. Низоъ миёни қавмҳои ин кишвар пас аз истиқлолияти давлатӣ авҷ гирифта, ҷанги шаҳрвандиро барангехт. Танҳо дар ҳафт моҳи ахир 740 ҳазор нафар аз Судони Ҷанубӣ ба Уганда фирор кардааст. Наздики 70 фисади паноҳҷуёнро занону кудакон ташкил медиҳад. Марказҳои муваққатии нигаҳдории муҳоҷирон дар доираи охирини имконият фаъолиятро ба роҳ монда, тавони ҷойгир кардани афроди зиёдро надоранд. Пас аз ба даст овардани мақоми паноҳандагӣ дар Уганда, онҳо аз муоинаи тиббӣ гузашта, барои зист соҳиби қитъаи замин мегарданд. Ҳамчунин муҳоҷирон метавонанд, ки ба соҳибкорӣ машғул шаванду озодона дар ҳудуди Уганда фаъолият намоянд.