12:22, 06 Августи 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Август 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31            

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Олмон ба тафтиши телефонҳои мобилии муҳоҷирон оғоз мекунад

Сохторҳои қудратии Олмон ба тафтиши телефонҳои мобилии муҳоҷироне, ки

аз ин кишвар иҷборан ихроҷ карда мешаванд, оғоз мекунанд. Ин тадбир дар асоси қонун дар бораи бақайдгирии муҷоҷирон, ки ба наздикӣ қабул гардид, рӯйи даст гирифта шудааст. Қаблан чунин амал танҳо дар асоси қарори расмии додгоҳ сурат мегирифт. Тибқи барномаҳои электронии Хадамоти муҳоҷирати маҳаллӣ дар як рӯз 24 телефони мобилии муҳоҷирон мавриди тафтиш қарор мегирад. Намояндагони сохторҳои марбутаи Омлон изҳор намудаанд, ки наздики 213 ҳазор муҳоҷир аз қаламрави кишвар иҷборат берун карда мешаванд. Охири моҳи январи соли равон вазири молияи ин кишвар таъкид дошта буд, ки дар асноди вобаста ба қабули гурезагон иштибоҳ вуҷуд доштааст. Вазири корҳои дохилии Олмон - Томас де Мезер низ қаблан дар хусуси ихроҷи муҳоҷирон аз ҳудуди кишвар хабар дода буд. Ба таъкиди номбурда соли 2016-ум ба Олмон 280 ҳазор муҳоҷир ворид гардидааст. Ин дар ҳолест, ки Олмон соли 2015-ум 890 ҳазор муҳоҷирро қабул намуда буд.