19:02, 08 Апрели 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Апрел 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30      

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Беш аз 350 муҳоҷир вориди Испания шуданд

Беш аз 350 муҳоҷири ғайриқонунӣ, ки аз кишварҳои Африқо мебошанд,

ба ҷазирақаламрави Сеутаи Испания ворид шуданд. Дар ин бора намояндагони Созмони «Ҳилоли Аҳмар» хабар доданд. Дар маҷмӯъ 600 муҳоҷир кӯшиши ворид шуданро намуданд. Аммо на ба ҳамаи онҳо убури монеагоҳҳои сунъӣ, ки 6 метр баландӣ доранд, муяссар омад. 11 нафари онҳо бо бардоштани ҷароҳати ҷисмонӣ бистарии беморхона карда шуданд. Сеута дар қисми шимолии соҳилҳои Марокаш воқеъ буда, мақоми шаҳри мухтори Испанияро дорост. Теъдоди зиёди паноҳҷӯёни африқоӣ пайваста кӯшиши вуруд ба ин шаҳрро мекунанд. 17-уми феврал низ наздики 700 муҳоҷир кӯшиши гузаштани монеагоҳро намуда буданд ва танҳо ба 500 тан аз онҳо ин талош муяссар шуд. Бино ба иттилои ҳукуматдорони маҳаллии Сеута тайи 4 рӯзи ахир ба ин ҷазирақаламрави Испания ва баъдан ба Иттиҳоди Аврупо зиёда аз 850 муҳоҷир ворид гардидааст.