18:31, 11 Августи 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Август 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31            

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Олмон теъдоди бештари муҳоҷиронро ихроҷ мекунад

Ҳукуматдорони Олмон тасмим гирифтаанд, ки соли равон

теъдоди бештари муҳоҷиронро аз қаламрви кишвар берун месозанд. Тибқи иттилои мавҷуда, соли 2016-ум беш аз 80 ҳазор паноҳанда, ки талоши ба даст овардани мақоми муҳоҷирро доштанд, ҷавоби рад гирифта, аз Олмон хориҷ карда шудаанд. Ба гуфти сиёсатмадорони ин мамлакат соли гузашта аз 700 ҳазор паноҳанда, 300 ҳазори он барои дастрасии мақоми муҳоҷир ҷавоби рад гирифтааст. Ҳукуматдорони Олмон изҳор медоранд, ки эҳтимол ин нишондод дар соли равон бештар бошад. Чанде қабл Оҷонсии Иттиҳоди Аврупо оид ба назорати сарҳад маълумоти нави вуруди муҳоҷиронро дар соли 2017-ум интишор дод. Таҳлилгарон сатҳи вуруди муҳоҷиронро ба кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ба солҳои қаблӣ шабоҳат медиҳанд.