09:08, 05 Апрели 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Апрел 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30      

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Теъдоди муҳоҷироне, ки вориди Судон мешаванд, афзоиш меёбад

Тибқи гузориши Раёсат оид ба ҳамоҳангсозии корҳои башардӯстонаи

Созмони Милали Муттаҳид шумораи гурезагоне, ки аз Судони Ҷанубӣ вориди Судон гардидаанд, то 300 ҳазор нафар расид. Ҳамчунин дар гузориши мазкур омадааст, ки дар Судони Ҷанубӣ баъд аз сар задани задухӯрдҳо сокинон роҳи муҳоҷиратро пеш гирифтанд. Ҳамин тариқ, дар моҳи январи соли 2016-ум бар асари ноором будани вазъи сиёсӣ ва норасоии маводи ғизоӣ дар ин кишвар шумори муҳоҷироне, ки вориди Судон гардидаанд, афзоиш ёфт. Дар ҳамин ҳол иттилоъ дода мешавад, ки 65-дарсади муҳоҷиронро кӯдакон ташкил дода, феълан аз гуруснагӣ ранҷ мекашанд. Вобаста ба ин Раёсат тасмим гирифтааст, ки нақшаи тақсимоти захираҳоро ба роҳ монад ва гурезагонро саривақт аз кумакҳои башардӯстона бархӯрдор намоянд. Эҳтимол аст шумораи муҳоҷироне, ки вориди Судон мешаванд, афзоиш ёбад. Ёдовар мешавем, ки дар Судони Ҷанубӣ дар моҳи декабри соли 2013-ум муноқишаҳо авҷ гирифт. Дар пайи нооромиҳо сокинони ин кишвар роҳи гурезаро пеш гирифта, ба кишварҳои ҳамсоя аз ҷумла Уганда, Эфиопия, Кения ва Судон ҳиҷрат намуданд.