20:25, 08 Апрели 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Апрел 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30      

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Финляндия: сокинон хостори қатъи раванди ихроҷи муҳоҷиронанд

Дар Финляндия гурӯҳи сокинон вобаста ба ихроҷнамоии муҳоҷирон, ки

ба таври маҷбурӣ сурат мегирад, роҳпаймоӣ доир намуданд. Намоиши оммавӣ дар пойтахти кишвар - шаҳри Хелсинки се шабонарӯз боз идома дорад. Шаҳрвандони ин мамлакат дар назди бинои парлумон ҷамъ омада, нисбат ба қонунҳои қабулнамудаи ҳукуматдорон норозигӣ баён карда, тақозои қатъи раванди ихроҷи муҳоҷиронро намуданд. Дар қисмати дигари шаҳр нафароне ҷамъ омада буданд, ки ҷонибдорӣ берун кардани шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла бесарпаноҳмондагон мебошанд. Ҳукуматдорони Финляндия изҳор медоранд, ки аз 30 ҳазор муҳоҷире, ки соли 2015-ум ба ин кишвар бо мақсади дарёфти макони паноҳандагӣ омада буданд, ба беш аз 10 ҳазори он, ин имконият фароҳам шудааст. Бархе аз онҳо бо хоҳиши худ қаламрави ин давлатро тарк гуфта, қисми дигар бошад, барои ба даст овардани мақоми паноҳандагӣ талош мекунанд. Соли 2015-ум наздики 32 ҳазору 500 муҳоҷир, ки асосан шаҳрвандони Ироқ ба ҳисоб мераванд, вориди Финляндия гардидаанд. Коршиносон тахмин мекунанд, ки соли 2017-ум то 10 ҳазор фирорӣ вориди Финляндия мегардад.