17:42, 11 Августи 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Август 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31            

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо дар буҳрони шадиди муҳоҷират қарор доранд

Маҷористон омодааст, ки дар қисми ҷанубии сарҳади худ

ба бунёди хатти дуюми девор оғоз намояд. Бо чунин изҳорот сарвазири Маҷористон Янош Лазара баромад намуд. Ба эҳтимоли ҳукуматдорон соли равон ва оянда шумораи зиёди муҳоҷирону фирориён сарҳади ин кишвари аврупоиро барои расидан ба қаламрави дигар кишварҳои узв ҳамчун гузаргоҳ истифода хоҳанд кард. Ҳамчунин қайд карда шуд, ки дар қисми ҷанубии ин кишвар бошишгоҳи ба истилоҳ «Маҳдуд» таъсис дода хоҳад шуд. Дар ин бошишгоҳ муҳоҷироне, ки ҳангоми кушиши убури сарҳад ба даст меафтанд, то тафтишу баррасӣ гардидани ҳуҷҷатҳояшон нигоҳ дошта мешаванд. Айни ҳол дар Маҷористон зиёда аз 600 муҳоҷир қарор доранд, ки аз ҳукуматдорон дархости паноҳандагӣ кардаанд. Теъдоди зиёди паноҳҷӯён дар бошишгоҳҳои кушод ҷойгир карда шудаанд. Ҳукуматдорон тасмим доранд, ки тақсиму ҷобаҷонамоии муҳоҷиронро дар қаламрави кишвар маҳдуд намоянд. Соли 2015 зиёда аз 40 ҳазор муҳоҷир бо мақсади роҳ пеш гирифтан ҷониби Олмон Австрия ва дигар кишварҳои Аврупои Марказӣ вориди Маҷористон гардиданд. Ин ҳолат боиси нигаронии ҳукуматдорон гардида, онҳо ба бунёди девор ва пурзӯр намудани назорат дар сарҳад шурӯъ намуданд. Ба иқрори ҳукуматдорони маҳаллӣ нақшаи Иттиҳоди Аврупо оид ба тақсим ва ҷобаҷокунии муҳоҷирон дар қаламрави кишварҳои аъзо истиқлолияти Маҷористонро поймол мекунад. Кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо имрӯзҳо дар буҳрони шадиди муҳоҷират қарор доранд, ки чунин ҳолат пас аз Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ бесобиқа унвон карда мешавад. Фирориёну муҳоҷироне, ки ба ин қитъа мерасанд, дар аксар маврид сокинони кишварҳои Шарқи Наздик ва Африқои Шимолӣ гуфта мешаванд.