17:31, 18 Июли 2018
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Июл 2018 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Аз Доналд Трамп дархост шуд, ки қарори зиддимуҳоҷирати худро бекор кунад

Мавҷи интиқоду нигарониҳо дар робита ба қарори зиддимуҳоҷирати

роҳбари нави Қасри Сафед дар як қатор кишварҳои ҷаҳон торафт афзоиш меёбад. Ҳуҷҷати мазкур ба сокинони 7 кишвари ҷаҳон ворид шудан ба ҳудуди ИМА-ро манъ мекунад. Комиссари олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон Зайд Раад ал-Ҳусайн дар сомонаи Твиттер ин амалкарди президенти Амрико Доналд Трампро маҳкум намуда, онро нақзи ҳуқуқи инсон ва миллатгароиву нажодпарастӣ номид. Ин навоварӣ дар сиёсати ИМА ҳамчунин нигаронии роҳбарони як қатор кишварҳои ҷаҳонро ба миён овард. Аз ҷумла, канслери Олмон Ангела Меркел иброз намуд, ки мубориза бо терроризм ва аз байн бурдани гурӯҳҳои ҷиноятпеша ин бояд ҳадафу мақсади асосӣ бошад, на ин ки нафарони дар вазъияти душвор қарор доштаро, боз ҳам дар ҳолати вазнинтар боқӣ гузоштан. Ӯ дар идома таъкид намуд, ки низоми байналмилалӣ оид ба расондани кумаки зарурӣ ба гурезагон ва ҳамкории байнидавлатӣ дар ин ҳолат халалдор гашт. Намояндагони Созмони ҳамкории исломӣ, ки дар он 57 давлати дунё шомил аст, аз маъмурияти нави ИМА дархост намуд, ки қарори содирнамудаи худро бекор намояд. Зеро ба ақидаи онҳо чунин қарору қонунҳо дар пайҳн шудани экстремизму терроризм мусоидат мекунад. Бо чунин изҳорот роҳбарияти Иттиҳоди Аврупо низ баромад намуда, қарори Доналд Трампро маҳкум намуд. Роҳбарони Судон, Канада. Франсия Чехия ва дигар кишварҳо аз қарори зиддимуҳоҷирати президенти ИМА интиқоди ҷиддӣ карданд. Ба ақидаи Вазири корҳои хориҷаи Италия Анҷелино Алфано Аврупо, ки худ миёни баъзе кишварҳояш девор бунёд мекунад, чӣ гуна метавонад ба ҳукуматдорони нави Амрико маслиҳату машварат диҳад.