07:32, 05 Апрели 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Апрел 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30      

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Испания: 50 муҳоҷир аз ғарқшавӣ наҷот ёфтанд

Хадамоти наҷотдиҳии баҳрии Испания 50 муҳоҷиреро, ки аз соҳилҳои Африқо

кӯшиши расидан ба Испанияро доштанд, аз ғарқшавӣ наҷот доданд. Дар ин бора Оҷонсии «Европа Пресс» хабар дод. Тибқи иттилои расида наҷотдиҳандагон тавассути чархбол сафинаеро, ки дар дохили он 50 муҳоҷир, аз ҷумла ду зан қарор доштанд, дар соҳилҳои баҳри Миёназамин дарёфт намуда, дарҳол ба наҷоти онҳо шитофтанд. Сафинаи мазкур ду рӯз қабл дар шароити номусоид ба роҳ баромада буд. Дар айни замон бошад, ҳамаи муҳоҷирон дар беморхона бистарӣ гардида, зери назорати табибон қарор доранд.