18:23, 11 Августи 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Август 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31            

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Муҳоҷирони қирғизу афғон бо қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос мешаванд

Дар шаҳри Хоруғ бо ибтикори Шуъбаи Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат,

муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон бо иштироки шаҳрвандони Афғонистону Қирғизистон, ки дар қаламрави Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд, як нишасте созмон дода шуд. Сардори Шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон Мулкамон Каниев ба хабарнигорон гуфт, ки ҳадаф аз созмон додани ин нишаст фаҳмонда додани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва қоидаҳои буду боши шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат буд. Сармутахассиси Шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар ВМКБ оид ба низоми иҷозатномадиҳӣ Нуриддин Хайруллоев дар бораи муҳоҷирати меҳнатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тағйироте, ки дар робита ба ин дар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардиданд, маълумот дода арз намуд, ки шурӯъ аз моҳи январи соли 2017 дар нархгузорӣ ба иҷозатомадиҳӣ ба шаҳрвандони хориҷӣ дигаргуниҳо ворид шуданд. Дар ҷараёни суҳбат шаҳрвандони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон нуқтаи назари хешро оид ба ин масъала иброз намуданд. Мулкамон Каниев, Сардори Шуъбаи Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон дар анҷоми суҳбат гуфт, ки ҳар як шаҳрванди хориҷие, ки дар қаламрави Тоҷикистон кору фаъолият мекунад, новобаста аз мақому мартабааш бояд қонунҳои амалкунандаи онро дар алоқамандӣ ба муҳоҷирати меҳнатӣ риоя ва иҷро намояд.