18:42, 11 Августи 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Август 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31            

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Аврупо: аз сардии ҳаво муҳоҷирон ва бехонагон бештар азият мекашанд

Дар кишварҳои Аврупо сардии тоқатфарсо идома дорад.

Аз номусоид гардидани вазъи ҳаво муҳоҷирон ва бехонагон бештар азият мекашанд. Дар Сербия ҳазорҳо нафар муҳоҷирон дар анборҳои бекорхобида умр ба сар мебаранд, ки эҳтимоли аз сардӣ ба ҳалокат расидани онҳо вуҷуд дорад. Муҳоҷирон барои эҳсос накардани сардӣ чархҳои автомобил ва дигар ашёҳоро оташ мезананд. Сокинони маҳаллӣ аз ин амали муҳоҷирон изҳори норозигӣ намуда талаб доранд, ки ҳарчӣ зудтар онҳо ба бошишгоҳҳо кӯчонида шаванд. Ҳукуматдорони Сербия иброз медоранд, ки муҳоҷирон ба маркази махсуси барои онҳо омодагардида рафтан намехоҳанд. Чунин вазъият дар Франсия низ ба қайд гирифта шудааст. Дар нуқтаҳои гуногуни кишвар барои муҳоҷирон бошишгоҳҳои муваққатӣ омода гардида, сокинони маҳаллӣ онҳоро бо либос, хӯроки гарм ва оби ошомиданӣ таъмин мекунанд.