14:49, 11 Августи 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Август 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31            

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Дар Соли 2016-ум 181 436 муҳоҷир вориди Италия шудаанд

Соли 2016-ум аз кишварҳои Шарқи Наздик вуруди шумораи рекордии муҳоҷирон

тариқи баҳри Миёназамин ба нимҷазираи Апеннини Италия ба қайд гирифта шуд. Мувофиқи иттилои расмии Вазорати корҳои дохилии Италия соли гузашта тавассути роҳҳои баҳрӣ 181 ҳазору 436 шаҳрванди хориҷӣ ба ин кишвар омадааст. Ин нишондод дар муқоиса ба соли 2014-ум зиёдтар мебошад. Он замон наздики 170 ҳазор гуреза ба нимҷазираи Апеннини Италия ҳиҷрат карда буданд. Танҳо дар ду ҳафтаи аввали моҳи январ ба ин минтақа 2 ҳазору 397 муҳоҷир ё фирорӣ ворид гардидааст, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли 2016-ум ду баробар бештар аст. Ба гуфти намояндаи Раёсати комиссари олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои гурезагон дар қисми ҷанубии Аврупо - Карлотта Сами дар рӯзҳои аввали соли нав ба Италия наздики 2 ҳазор нафар ворид шуда, 200 каси дигар ҳангоми ҳиҷрат дар баҳри Миёназамин ба ҳалокат расидааст. Ба иттилои Созмони байналмилалии муҳоҷират соли 2016-ум тариқи роҳҳои баҳрӣ ба Аврупо наздики 363 ҳазор нафар ворид шудааст. Давоми соли сипарӣ бар асари фалокати киштиҳо зиёда аз 5 ҳазор муҳоҷир ва гуреза дар баҳри Миёназамин ҷон бохтааст.